Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори нафаре, ки барои бозии футбол тӯпҳои дастӣ месозад, хелеҳо истиқбол карданд. Мегуфтанд, и ин кораш ба пуштибонӣ ниёз дорад. “Азия-Плюс” ин сокини шаҳри Бохтарро пайдо кард ва пурсид, ки чӣ коре зарур асту чӣ ҳимояте бояд шавад.
Ҷӯрабой Қурбонови 65-сола, ки солҳо дар соҳаи бофандагию ресандагӣ таҷрибаи кор доштааст, паси аз бознишаста шудан ба дӯхтани тӯпи футбол ё ба истилоҳ тӯпи дастисо мепардозад.
Амаки Ҷӯрабойро дар як дӯкони хурдакаке, ки дар терминали марказии шаҳри Бохтар ҷойгир аст пайдо кардем. Ин ҷойи кораш аст. Вақте вориди дӯкончааш шудем чанд тӯпи футбол дар наздаш буд.
“Ман дар ин дӯкон, асалан, барои қабули фармоиши сангҳои сари гӯр машғулам. Мо инҷо фармоишҳоро қабул мекунему баъд дар Истаравшан омода карда ба фармоишгарон мефиристанд”,-мегӯяд Ҷӯрабой.
Ӯ мегӯяд, ки худ зодаи шаҳри Бохтар аст, вале дар панҷсолагияш волидайн ба Истаравшан мекӯчанду дар онҷо бузург мешавад. Баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил мешавад. Вале баъди ду сол ба риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ мегузараду хатм мекунад. Баъдан дар фабрикаи бофандагии Истаравшан, корхонаи ресандагии Душанбе ва фабрикаи ресандагии Бохтар дар вазифаҳои гуногун то сатҳи муовини директор кор кардааст.
“Вақте нафақа баромадам 400 сомонӣ нафақа таъин карданд, ки бо ин рӯзгорро пеш бурдан мушкил аст ва нафаре, ки солҳо кор кардааст дар хона нишаста наметавонад. Ҳамин дӯкончаро ташкил кардем ва каму беш ризқи худро аз инҷо пайдо мекунем”, – мегӯяд Қурбонов.
Аз сангӣ гӯр то тӯпи дастии футбол
Соли 2018, вақте Ҷӯрабой аз кадом як шабакаи русие футбол тамошо мекард, ки шореҳи рус қиссаи истеҳсоли тӯпи футбол дар кишвари Покистонро нақл мекунад. Ҳамин сабаб мешавад, ки ӯ даст ба як кори заҳматталаб, яъне ба шеваи дастӣ омода кардани тӯпҳои футбол бизанад.
“Ба гуфти ин шореҳи рус дар Покистон тӯпҳои футболро барои беҳтарин дастаҳои футболи ҷаҳон дастӣ омода мекунанд, ки хеле арзиши баланд доранд. Аз ҳамон лаҳза ба зеҳнам омад, ки чаро мо чунин корро карда наметавонем. Бо чанде аз дӯстонам ин ниятамро гуфтам, вале онҳо хандиданду гуфтанд, ки аз дастат ин кор намеояду худатро ғам надеҳ. Вале ман, ки худ беш аз 20 соли ҳаёти худро сарфи соҳаи бофандагию ресандагӣ кардааму аз ин соҳа огаҳии хуб дорам, аз фикрам нагаштам. Хулоса, тобистон ба корхонаи чарми шаҳри Душанбе рафтам ва онҷо боқимондаҳои чарме, ки барои онҳо ҳамчун партов ҳисоб мехӯрад харидорӣ карда овардам ва ба дӯхтани тӯпҳои футбол оғоз кардам. Аз тобистон то имрӯз 13 тӯпи футболи гуногун дӯхтам” – мегӯяд ӯ.
Тӯпҳои шумо аз тӯпҳои бозорҳо чӣ фарқе доранд?
– Аз назари сифат фарқи калон доранд. Он тӯпҳое, ки бо 40-50 сомонӣ дар бозорҳо фурӯхта мешаванд, дар як мудати кутоҳ корношоям мешаванд, зеро чарми сунъӣ доранд. Тӯпҳои мо аз чарми тоза ва аз ҳама асосаш дастӣ омода карда мешаванд. Аз ин хотир сифати тӯпҳои мо хеле баланд аст.
Нархашон чӣ қадар аст?
– Медонед, арзиши тӯпҳои мо бо изофаи ҳаққи корамон бештар аз 100 сомонӣ мешавад. Барои як тӯпи футбол 32 порчаи чарми даҳякӣ (10 см ба см) сарф мешавад, ки 32 сомонӣ мебошад, болои ин 15 сомонӣ барои камера ва риштаву чизҳои лозимии дигар сарф мешавад. Айни ҳол тӯпҳои омодашударо аз 150 то 200 сомонӣ нарх мондаам ва албата, мо мардуми шарқем, боз савдо мекунем, “як чӣ ним чӣ” арзон мекунем.
Тӯпҳои шумо аз тӯпҳое, ки дар бозиҳои байналминалӣ истифода мешаванд, тафовуте доранд?
– Албата. Тӯпҳои мо аз онҳо фарқ мекунанд. Инҷо стандартҳои байналминалие аст, ки мутаасифона, бо баъзе иллатҳои аз мо вобаста нест, тӯпҳои мо фарқ мекунанд. Масалан, мувофиқи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии футбол тӯп дамнокарда бояд 380 грам бошад ва вақте онро дам мекунӣ бояд 450 грамм шавад. Аз мо бошад аз 380 то 400 грамм вазн доранд, ки мутаасифона ба стандартҳои ҷаҳонии футбол рост намеояд. Ин фарқ аз ҳисоби камераи тӯп мебошад. Дар тӯпҳои касбӣ камерааш бо риштаи хом тортанӣ шуда пӯшонда мешавад. Ё камераҳои дигаре ҳасатанд, ки дарунашон матои нарме аз қабили “мачалка” доранд. Ин ба хотири он аст, ки ҳангоми бозӣ вақте тӯпро як нафар ба ҳамдастааш партоб мекунад тӯп зиёд бозӣ накунад. Ман хеле омӯхтам сифатҳои тӯпи футболро. Барои бо ин меъёру стандарт омода кардани тӯп, дастгирӣ ва пуштибонӣ лозим аст.
Оё бо дастаи футболе дар бораи тӯпҳоятон суҳбат кардед?
– Бале, як маротиба, чанд адад тӯпҳоямро гирифта ба варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар рафтам, ки дастаи “Хатлон” он ҷо тамрин мекард. Бачаҳо тӯпҳоро гирифтанд, бозӣ карданд ва хеле писандашон ҳам шуд. Вале барои харидорию ҳамкорӣ суҳбат накардем.
Ба ҷуз сохтани тӯпҳои дастӣ, ман тӯпҳои куҳнаро низ таъмир мекунам.
Ҷӯрабой Қурбонов мегӯяд агар кор ва ҳунараш ҳимоят шавад, метавонад ки як коргоҳи тӯпдузиро ташкил кунаду чанд ҷавони дигарро омӯзондаю ба кор таъмин намояд. Ҳатто нафаронеро, ки имконоти маҳдуд доранд, мешавад ба ин кор ҷалб кард,-мегӯяд ӯ.
Бубинед, ки мо чӣ қадар мактабҳо, аз ҷумла мактабҳои варзишӣ дорем ва ё дастаҳои бачагона дорем. Барои онҳоро бо тӯпи футбол таъмин кардан аз хориҷа тӯп мехарем. Агар моро дастгирӣ кунанду мо истеҳсоли тӯпҳоро ба роҳ монем, ҳам ҷойи кор мешавад ва ҳам маблағҳо дар дохили ҷумҳурӣ мемонанд ва ҳам дастаҳо футбол бо тӯпи истеҳсоли ватанӣ таъмин мешаванд. Инро оянда метавон равнақ дод ва то сатҳи тӯпҳои ҷавобгуии талаботи байналминалӣ расонид. Президент доимо таъикд мекунад, ки ҳунарҳои мардумиро равнақ диҳед, ҷавононро касб биомӯзед ва ин як касби тайёраест, ки чандин ҷавонон метавонанд дар оянда аз ин ҳисоб зиндагияшонро хуб кунанд,- андеша дорад ин тӯбсози маҳаллӣ.
Барои ин пуштибонии Федератсияи футбол лозим аст, ки бо мо ҳамкорӣ кунад. Агар ҳимоят шавем, метавонем дар оянда тӯпҳои волейболу дигар навъҳои варзишро низ истеҳсол кунем. Ҳеҷ чашмбандие нест. Ҳарчанд хеле кори мушкилу ба гуфти русҳо “ювилерний” аст. Дар як моҳ як нафар метавонад то 5 адад тӯп дӯзад ё шояд ҷавонон бештар аз ин. Ман шахсан дар як моҳ метавонам то 5 тӯп бисозам.
Ҳоло ман ду навъи тӯп месозам: рақами 5, барои варзишгоҳҳои хурд, яъне футзал ва рақами 3-4 барои варзишгоҳҳои калон.