Тими миллии футболи Тоҷикистон пас аз як рӯзи истироҳат аз бозии якуми дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун, омодагиро ба бозии дуюми санҷишӣ бо тими мазкур оғоз кард.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозии дуюми дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун имрӯз 5-уми феврал, дар Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА соати 19:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
То оғози машқ ҳамаи аъзои даста аз тести ташхиси коронавирус гузашта, натиҷаҳои он пеш аз бозӣ бо урдуниҳо маълум мешаванд.
Ҳамлагари даста, футболбози “Хуҷанд” Тоҳир Малодӯстов чанде пеш дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Дубайӣ бистарӣ ва муваффақона ҷарроҳӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали рафиқона бо тими Урдун, ки рӯзи 1 феврал доир гардид, футболбозони тоҷик бозиро бо ҳисоби 0:2 бохтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.