Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт шудани муовини акнун собиқи раиси ноҳияи Ёвон Аскар Набизодаро бо ҷурми ҷиноятҳои вобаста ба фурӯши замин тасдиқ кард. Ин дар ҳолест, ки мавзуъи боздошти ин муовини раиси ноҳияи Ёвон ҳанӯз дар миёнаҳои моҳи ноябри соли 2020 расонаӣ шуда буд, вале он вақт мақомот боздошти ӯро раду тасдиқ намекарданд. Он замон гуфта мешуд, ки Хайриддин Саидмуродзода, роҳбари идораи замини ин ноҳия низ дастгир шудааст.
Ахиран додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарии ниҳодаш тасдиқ кард, ки муовини аввали раиси ноҳияи Ёвон Аскар Набизода бо ҷурми даст доштан дар қонуншиканиҳои вобаста ба замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Бино ба маълумоти додситонӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 300 мавриди қонуншиканӣ дар бахши хариду фурӯши замин ошкор шудааст.
Тавре дар нишасти хабарии додситонии вилояти Хатлон хабар дода шуд, "зимни санҷиши як гуруҳи кории додситонии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 300 мавриди ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, сохтакории хидматӣ, аз як гуруҳ ба дигар гуруҳ гузаронидани заминҳо ва суистифода аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва кумитаи идораи замин ошкор карда шудаст".
Дар натиҷаи ин санҷиш нисбат ба 12 нафар шахсони мансабдори ноҳия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки қисме аз он ба додгоҳ ирсол карда шуда қисмати дигар дар тафтишотӣ пешакӣ қарор дорад.
Танҳо аз ҳисоби заминҳои мактабҳо бо сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 40 нафар сокинони ноҳияи мазкур замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шудааст, мегӯяд додситонии Хатлон.
Хариду фурӯши замин ё ҷиноятҳои марбут ба он яке аз мавзуъҳои доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамасола мансабдорони зиёде бо ин ҷурм боздошт мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.