Вазири маорифи ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки то кунун сарнавишти донишҷӯёни тоҷике, ки ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ пазируфта шудаанд, норӯшан аст. Ин нуктаро Муҳаммадюсуф Имомзода, имрӯз, 5 феврал дар нишасти хабарии ниҳодаш ба хабарнигорон гуфт.
"Дар ин масъала то имрӯз ҳеч пешрафте нест. Бештари квотаҳоро Русияву Чин пешниҳод карда буданд. Аммо то кунун ин кишварҳо иҷозаи ворид шуданро намедиҳанд. Шумораи ин донишҷӯён 3530 нафар аст, ки ҳамаи онҳо дар хонаҳояшон ҳастанд ва фосилавӣ таҳсил мекунанд",-гуфт Имомзода
Масъалаи донишҷӯёни тоҷике, ки ба донишгоҳҳои хоиҷӣ пазируфта шуданду вале бар асари ҳамагирии коронавирус, ки марзҳои кишварҳо бастаанд, натавонистанд ба макони таҳсили худ бираванд, яке аз мавзуъҳои доғ аст.
Пештар бархе аз донишҷӯён, ки ба донишгоҳҳои Русия пазируфта шудаанд, ба назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон барои додхоҳӣ рафта буданд ва хостори ҳалли мусбати қазияашон шуда буданд. Аммо то кунун дар ин маврид ҳеч пешрафте сурат нагирифтааст.
Пештар вазорати маориф гуфта буд, ки то ҳал шудани масъалаи рафтани ин донишҷӯён ба макони таҳсили худ, онҳо таҳсилро метавонанд дар тахассусҳои мушобеҳ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон давом бидиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.