ВКД аз боздошти зане хабар додааст, ки занони тоҷикро барои танфурӯшӣ ба Ҳиндустон мебурдааст. Пулис ин зани 34-соларо дар савдои одамон гунаҳкор медонад.
Бино ба иттилои ВКД, ин зан бо роҳи фиреб ҳангоми дар пойтахт қарор доштанаш, ба боварии зани 33-солаи сокини Ҳисор даромада, ӯро бо масиҳати пешакӣ бо «Сара» ном зан ба шаҳри Деҳлии Ҳиндустон даъват мекунад.
Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда бинобар надонистани забон дар шаҳри бегона, дар давоми моҳи феврали соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 ҷабрдидаро, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун пешкаш намудааст. Дар натиҷа аз ин ҳисоб 10 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 130 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст.
Ҳамзамон ВКД мегӯяд, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 29-солаи шаҳри Ваҳдат даромада, бо маслиҳати пешакӣ бо «Сара» ӯро низ ба шаҳри Деҳлии Ҳиндустон даъват мекунад.
«Гумонбаршаванда аз ҳолати ба миён омадаи ҷабрдида, ки дар шаҳри бегона қарор дошт ва бинобар надонистани забон дар давоми моҳи декабри соли 2018 то моҳи декабри соли 2020, дар манзили истиқоматии иҷоравии "Сара" барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун пешкаш намуда, аз ин ҳисоб 3 ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст».
Бояд гуфт, ки ин бори аввал аст мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба Ҳиндустон бурдани занони тоҷик барои танфрӯшӣ иттилоъ медиҳанд. Пештар аз ин ба Дубай, Истамбул, ҳатто Тайланду Русия хабар нашр шуда буд, аммо Ҳиндустон дар амри савдои одамон масири нав гуфта мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.