Дар Тоҷикистон имлои нави забони тоҷикӣ то охири моҳи феврал аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Ин нуктаро Олимҷон Муҳаммадҷонзода, имрӯз, дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт. Ба гуфтаи раиси Кумита дар имлои нав 107 тағйирот ворид шудааст.
Раиси кумита мегӯяд, ки онҳо лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол кардаанд, ки қарор аст то охири моҳ тасдиқ шавад.
Дар қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ 107 тағйирот ворид шудааст. Ҳамчунин тарзи дурусти навиштани вожаҳои иқтибосӣ ва ҳарфҳои алифбои русии ц, щ, ы ва ғайраҳо низ пешниҳод шудааст. Ҳамчунин дар ин қоидаҳо бори аввал тарзи навиштани номи кишварҳои хориҷӣ низ пешниҳод шудааст, мегӯяд раиси Кумита.
Имлои забони тоҷикӣ баъд аз тағйири алифбо дар солҳои 1929 ва 1941-и асри гузашта ҳамеша мавриди баҳси забоншиносон ва ҷомеа будааст. Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳам ду бор – солҳои 1998 ва 2011 қоидаҳои нави имло тасдиқ шудаанд, вале ҳамоно баҳсҳо бар сари он давом дорад.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода аз ироаи ҷузъиёти тағйироти воридшуда ба имлои забони тоҷикӣ худдорӣ кард ва гуфт, ки пас аз тасдиқ онро дар расонаҳо нашр мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс, Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.