Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод маст шудаву дар хиёбонҳо рафтори ғайриахлоқӣ мекардааст. Дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе гуфтааст ин гумонбарро бар асоси муроҷиати як ҷавонзан дастгир кардаанд.
Аз нафари гумонбар Диловар Ҳамидови 44-сола, сокини шаҳри Душанбе ном бурда мешавад, ки феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад. РВКД Душанбе дар торномааш навиштааст, ки "як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як нафар ҷавонмард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори «Саховат» нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст.
Пулиси Душанбе гуфтааст, ки баъд аз он ки гумонбарро боздошт кардаанд, дар натиҷаи пурсиши худи ӯ ва шоҳидони ҳодиса муайян шудааст, ки "Ҳамидов Диловар ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст".
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе ин нафарро бар асоси моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ муҷрим шинохта ба 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.