Афғонистон кишваре, ки нақзи ҳуқуқи зан ва хушунати хонаводагӣ дар баробари занон дар ин кишвар бештар ба назар расида, бештари занон ҳуқуқҳои худро намедонанд ё аз ҳуқуқашон дифоъ карда наметавонанд. Бесаводӣ ба иллати дур мондан аз мактаб бар асари ҷангҳои давомдори 40-соли ахир, онҳоро бештар қурбонии хушунат кардааст.
Дар ин кишвари пур аз хушунат ва ҷанг, ҳамарӯза бо даҳо духтар издивоҷи иҷборӣ ё издивоҷҳои зери синну солӣ (издивоҷ бо ноболиғон) сурат мегирад. Аз сӯи дигар занон латукӯб шуда, мавриди таҷовуз ва пайгард қарор мегиранду ҳатто кушта мешаванд.
Қазияи буридани бинии Оиша аз ҷониби ҳамсар, ҳодисаи қатли пурсарусадои Фархунад дар Кобул, сангсор кардани Рухшона дар вилояти Ғур ва чанде қабл, аз ҷониби афроди номаълум, кушта шудани Фаришта Кӯҳистонӣ яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар вилояти Кописои Афғонистон қазияҳое ҳастанд, ки сару садои зиёдеро ба вуҷуд оварданд.
Заноне низ ҳастанд, ки бо роҳи фирор, мехоҳанд зиндагии худро наҷот диҳанд. Аммо то куҷо ин занони фирорӣ метавонад ба худ як зиндагии хубтаре бисозанд?
Сарнавишти талхи Сафия
Сафияи Саломатшо, ҷавонзани бистудусолаи афғон, чорсол пеш бо як марди ҳамватанаш, ки аз кишвари Фаронса барои оиладор шудан ба Афғонистон омада буд, хонадор шуд. Пас аз як ҳафтаи зиндагии муштарак шавҳар ӯро бо хонаводаи худ монда, ба кишвари Фаронса баргашт. Сафия, ки он замон ҳаждаҳ сол дошт, ду сол дар хонаи шавҳар мунтазири ӯ монд, шавҳараш аз ӯ даҳсол бузургтар асту аз синни наврасӣ дар Фаронса зиндагӣ мекунад. "
"Пеш аз никоҳ ба хонаводаам ваъда дод, ки пас аз арусӣ маро низ бо худ ба Фаронса мебарад, аммо чунин накард, зеро мардҳои мо фикр мекунанд, агар хонумашонро бо худ баранд, дар хориҷ аз онҳо ҷудо мешаванд. Лек мушкили хонумҳояшонро нодида мегиранд. Дар хонаи шавҳар нисбатам хушунат сурат мегирифту ман тоқат мекардам, аммо баъди дастдарозии бародари шавҳарам, ки нашъаманд буд ва чандин маротиба қасди таҷовузи маро мекард, сабрам лабрез шуд ва қазияро ба шавҳарам гуфтам. Вале шавҳарам ба ман бовар накарда ду ҷуръати бародараш нисбати ман бештар гашт. Ба бародарам гуфтам, ки маро бахонаи падарам баргардонад ва чунин ҳам кард”, – мегӯяд Сафия.
Сафия аввал ба хонаи падар ва пас аз даъвоҳои зиёд бо хонаводаи шавҳараш, ба хонаи амн – паноҳгоҳи махсус барои занони хушунатдида дар шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон рафт. Аммо аз тарси баргардонданаш ба хонаи шавҳар маҷбур шуд ба Тоҷикистон паноҳ барад. Зеро ба қавли ин ҳамсуҳбатам, аксар вақт заноне, ки ба хонаи амн паноҳ мебаранд, бо роҳи ришва аз ҷониби шавҳар ё хонаводаи шавҳар дубора бозпас мегардонанду бо баҳонаи лакадор намудани номашон онҳоро ба қатл мерасонанд: “Новобаста аз мушкилот омода будам, ки бо шавҳарам зиндагиямро идома диҳам, вале шавҳарам бародар ва дигар аъзои хонаводаашро бегуноҳ ҳисобида, ба ман таъкид мекард, то ба хонаашон баргардам. Ман шарт гузоштам, ки вай ба Афғонистон биёяд ё маро низ бо худ ба Фаронса бубарад, ки чунин накард. Аз тарси баргардонданам ба хонаи шавҳар ва таҷовуз шудан аз ҷониби бародари шавҳарам ба Тоҷикистон фирор кардам”.
Рӯзгори Сафия дар Тоҷикистон беҳтар нашуд
Сафияро дар ин тасмим падару модараш низ ҳимоят карда, хоҳарашро бо ӯ ба Тоҷикистон фиристоданд. Пас аз омаданаш ба Тоҷикистон шавҳари апаи Сафияро ба хотири кумак дар фирори ӯ дастгир када, ҳабс мекунанд. Ба наздикони Сафия шарт гузоштаанд, ки танҳо пас аз бозгашт ба хонаи шавҳар–Афғонистон, метавонанд шавҳари апаашро озод кунанд.
Ин зани ҷавон ба монанди дигар ҳамватанонаш новобаста аз мушкили иқтисодӣ ва бекорӣ намехоҳад ба ватанаш баргардаду, якҷо бо хоҳараш дар талоши пайдо кардани ҷойи кор мебошанд:
“Ҳарчанд талош кардем то ба худ коре пайдо карда, зиндагиямонро пеш барем, аммо кори муносибе пайдо нашуд. Хоҳари бузургтарамон, ки дар кишвари Канада зиндагӣ мекунаду ба танҳоӣ ду фарзандашро ба воя мерасонад, як миқдор пул бароямон мефиристад, ки он ҳам барои пешбурди зиндагиамон кофӣ нест. Баъзан аз вақти супоридани маблағи иҷора 10-рӯз мегузараду шароити пардохтро надорем. Мунтазир мемонем, кай хоҳарамон ба мо пул мефиристад”, – бо чашмони пур аз ашк қисса кард Сафия.
Ба Сафия ва хоҳараш тӯли якуним соли буду бош дар Тоҷикистон, танҳо як маротиба аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони осебпазир (RCWC) либосҳои куҳнаи ба қавле Sekond hand, кумак шудаасту халос.
Онҳо мегӯянд, ба кумаки бештар ниёз доранд, зеро падари пирашон ҷойе кор намекунаду аз сӯи дигар хоҳарашон, ки дар кишвари Канада аст, борҳо таъкид кардааст, ки ба худ ҷои коре пайдо кунанд, зеро дигар тавони кумаки молӣ ба онҳоро надорад: “Дар нимароҳ мондаему намедонем, ки чӣ кор кунем ба Созмони Милали Мутаҳид ва Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ муроҷиат кардем ва танҳо аз ҷониби Созмони паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон “Ориёно” кумак гирифтем”.
Дар ҳамин ҳол Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони паноҳандагон ва муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон “Ориёно”мегӯяд, Сафия ва хоҳараш ягона нафароне нестанд, ки аз сабаби мушкилоти хонаводагӣ ба танҳоӣ Тоҷикистонро интихоб кардааанд.
Ба қавли ин ҳамсуҳбатам шумораи духтарони ҷавоне, ки аз наздиконашон фирор кардаанд 26 нафар буда, синнашон аз 17 то 24 соларо дар бар мегиранд.
Сафия мегӯяд, дар кишвараш хушунат алайҳи занон аз он чӣ тасаввурашро дорем бештар буда, на ҳама занон ҷуръати ҳимоя аз ҳуқуқи хешро доранду на шароити фирор ба дигар кишварро. Дар бештари маврид қурбони ноадолатиҳо мегарданд.
Ба суоли он, ки дар оянда чӣ тасмим доранд? Сафия ва хоҳараш мегӯянд, “мехоҳем аввал ҷойи кори муносибе пайдо карда, таҳсиламонро низ дар яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон давом диҳем”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.