Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Як ҷавондухтари паноҳандаи Афғонистон маркази забономӯзии сермуштарие ташкил кардааст - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Як ҷавондухтари паноҳандаи Афғонистон маркази забономӯзии сермуштарие ташкил кардааст

Эмомалӣ Сайидзод, Asia-Plus

Нигораи Нурзод гурезаи тоҷиктабори афғонистонӣ аст. Ин духтари 22-сола ниме аз умрашро дар Тоҷикистон сипарӣ  кардааст. Вай мегӯяд, ин кишварро хамчун ватанаш меҳисобад, чунки инҷо ба бисёр орзухояш расидааст. Дар ин синну сол Нигора аллакай маркази омӯзиши забони инглисиро кушодааст.

 “Чун якчанд забонро медонистам, тасмим гирифтам ин донишу ҳунаре, ки дорам ба мардум низ бирасонам, – мегӯяд ӯ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Нигора ғайр аз забони форсӣ, боз забонҳои  урду, ҳиндӣ  ва инглисӣ-ро низ медонад. Дар маркази омӯзишии ӯ бошад инглисиву русиро меомӯзонанд. Маркази забономӯзии “Ориёно” моҳи августи 2020 дар шаҳри Ваҳдат ба кор оғоз карда, 10 омӯзгор ва 250 шогирд дорад. Миёни онҳо шаҳрвандони Афғонистон, ки муқими Тоҷикистонанд, низ ҳастанд. Дар ин муддат даҳҳо шогирд марказро хатм карданд. Нигора мегӯяд чандин шогирдаш дар олимпиядаҳо иштирок карда, ҷойҳои сазоворро низ соҳиб шуданд.

Ин духтари ҷавони паноҳанда мегӯяд, ки ҳеч маблағгузору сармоягузоре надорад ва ҳама корро аз сифр шуруъ кардааст.

“Спонсор надоштам, ҳомӣ надоштам – худам ҳама чизро кардам. Аз дӯстон қарз гирифтем, дигар корҳоро анҷом додем, билохира муваффақ шудем, ки марказро боз кунем”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Нигора 11 сол дошт, ки бо модар, хоҳар ва бародараш аз Кобул ба Тоҷикистон кӯч бастанд. Падараш чанд сол қабл аз омадан ба Тоҷикистон аз беморие фавтид.  Мегӯяд, хатари ҷангу таркишҳои ҳамарӯза  дар Афғонистон водорашон кард, ки  хонаводагӣ ба ҷустуҷӯйи рӯзгори осудаву сазовор бипардозад. Пас аз шаш моҳи интизорӣ онҳо тавонистанд дар Тоҷикистон мақоми паноҳандагӣ дарёбанд.

Дар Тоҷикистон тақрибан 6 ҳазор шаҳрванди хориҷие ба  ба сар мебарад, ки мақоми расмии гуреза доранд. Зиёда аз 90 дар сади онҳо аз Афғонистонанд.

Дар Тоҷикистон муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон асосан дар шаҳри Ваҳдат (наздик ба 800 хонавода), ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав, вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён, вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиндагӣ ва иқомат мекунанд. Шумораии умумии паноҳандагони Афнистон 4500 нафар гуфта мешавад. Онҳое, ки то соли 2000 ба Тоҷикистон омадаанд ҳаққи дар шаҳри Душанбе зиндагӣ карданро доранд, аммо аз соли 2000 ба баъд тибқи як фармони раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев онҳо ҳаққи иқомат ва зиндагӣ дар шаҳри Душанберо надоранд.

Ҳамчунин ин муҳоҷирону паноҳандагон ҳаққи зисту зиндагӣ дар манотиқи марзиро надоранд. Онҳо бо реҷаи махсус зиндагӣ мекунанд ва тибқи муқаррарот бояд баъди соати 8 дар ҷойи иқомат ва зиндагии худ бошанд.

Тоҷикистон аввалин шуда дар минтақа, соли 1994 Конвенсияи мақоми паноҳандагӣ- ро кабул кард  ва ба Созмони байналмилалии муҳоҷират шомил шудааст. Он замон, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, ба ин восита ҳукумат гурезаҳои худро аз Афғонистон ба кишвар баргардонид, ки қариб 1 миллион нафарро ташкил медоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.