spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сиркбози бехонумони африқоие, ки 10 сол аст дар Тоҷикистон зиндагияш сирки воқеӣ шуда. Салум Абдулҳа Кимбумбуни кист?

Даҳ сол аст, ки шахсияти Салум Абдулҳа Кимбумбуни, як ҷавони 30 солаи африқоӣ дар Тоҷикистон “тасдиқ” намешавад, ки ӯ аз куҷо аст. Ин ҷавон худро зодаи Танзанияи Африқо меномад ва соли 2012 ба Душанбе омад ва ҳуҷҷатҳояшро гум карду дигар натавонист ба ватан баргардад. Дар ин даҳсол, ӯ дар Душанбеву Кӯлобу Турсунзодаву Хуҷанду Қурғонтеппаи собиқ, мардикорӣ низ карду азоби гуруснагиро ҳам кашид. Меҳрубониҳо ҳам диду, лутфу марҳамат низ. Аммо бесарнавиштӣ зиндагии ӯро ба бадбиниву афсурдагиву ниҳоят ба хонаи бесарпаноҳону бехонумонҳо кашид.

Кимбумбуни кист, чаро Тоҷикистон омад ва чаро ин ҳама сол натавонист ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташро ба даст орад ва ба зодгоҳаш баргардад?

Ин ҷавони африқоиро дӯстони тоҷикаш дар Тоҷикистон бо номи Салим Абдулло мешиносанд. Ӯ бо забони инглисиву русӣ хуб суҳбат мекунад ва чанд калимаи тиҷикиро ёд гирифтааст. Ночорӣ, бепулӣ ва набуди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ӯро маҷбур кардааст дар корхонаву сохтмон ва манзили одамон кор кунад ва қутти лоямуте ба даст биорад. Гоҳо бо ваъдаи кӯмак барои дарёфти ҳуҷҷат ва ҳамин тавр ба ватан бозпас фиристодан ӯро моҳҳо ва солҳо кор фармуданд, вале дар ниҳоят даст кашиданд. Чаҳор сол пештар аз Душанбе ба Хуҷанд омад ва баъди сарсониву саргардониҳои зиёд ӯро бозошт карданду дар “Хонаи афроди бесарпаноҳони шаҳри Хуҷанд” ҷо карданд.

Аз Африқо то Осиё: чӣ тавр Салим дар Тоҷикистон дармонд?

Ба нақли худи Салим Абдулло, ӯ 11-уми августи 1991 дар шаҳри Дор-ус-Саломи Танзанияи Африқо таваллуд шудааст. Ӯ ба ҳайси акробат дар сафарҳои сайёҳии сиркӣ ҳунарнамоӣ мекард ва соли 2012 бо ҳайати ҳунармандони “Болшой сирк”-и Лаҳистон аз Русия ба Беларусия, Украина, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ниҳоят ба Душанбе омаду дар ин ҷо дармонд. Салим мегӯяд, он замон 20-сола буд ва “Болшой сирк”-ро як шаҳрванди Лаҳистон бо ном Пан Юрик роҳбарӣ мекард. Онҳо дар Тоҷикистон дар сирки Душанбе ҳунарнамоӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Салим як рӯз, ҳангоми сайругашт дар бозори Саховати пойтахт ҷузвдонашро, ки дар дохилаша ҳама ҳуҷҷатҳо, телефони мобилӣ ва маблағаш буд, гум кард ва беҳуҷҷат монд. Ҳайати “Болшой сирк” баргашт ва Салим дар Душанбе монд.  Ба ӯ ваъда доданд, ки ба зудӣ бармегарданд ва ӯро аз ин ҷо мебаранд, вале дигар ба суроғаш наомаданд ва ӯ дар Душанбе бидуни ҳуҷҷату маблағ монд, ки забонро ҳам намедонст. Он замон танҳо бо инглисӣ суҳбат мекард.

Даҳ сол пеш ҳуҷатҳоямро гум кардам, он вақт ваъда доданд баъди се моҳ тавассути сафорат маро мебаранд, аммо аз байн як сол гузашт натиҷа ҳосил нашуд. Оилаамро ҷустанд, то кӣ будани маро мушаххас кунанд, гоҳо ваъда медоданд гоҳо даст кашиданд”. 

Ӯ барои дарёфти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва бозгашт ба ватан  талошҳои зиёд кардааст, аммо ночорӣ ва набуди маблағ монеъи идомаи талошҳояш шудааст. Ба ташилоту созмонҳои зиёде барои дарёфти ҳуҷҷат  муроҷиат кардааст ва дар нимароҳ бенатиҷа мондааст. Ин ҷавони африқоӣ шаш сол бе ҳуҷҷат дар Душанбе зиндагӣ кардаву бо мардикорӣ машғул буд ва дӯстоне низ ёфтааст, ки онҳо дар пайдо намудани кору манзил  барояш кӯмак расонидаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

“Ман ноутбук доштам, вақте ҳама ҳуҷҷату ҷузвдонамро гум кардам бе маблағ мондам ва ҷавоне аз ман хоҳиш кард, ки ноутбукамро ба ӯ фурӯшам. Баъд бо 200 доллар фурӯхтаму дигар бе ҳеч чиз мондам”,-мегӯяд ӯ.

Салим Абдулло мегӯяд, баъди шаш соли зиндагӣ дар Душанбеву кор дар корхонаи истеҳсоли спирт дар Қӯрғонтеппа, чаҳор сол пеш бо даъвати як дӯсташ барои ҳунарнамоӣ дар чорабиние ба Хуҷанд омад. Аммо ҳодисае, ки дер ё зуд бояд рӯй диҳад дар ин шаҳр ба сараш омад-ӯро кормандони полис боздошт карданд. Салим, ки ҳуҷҷати тасдиқунандаи шахсият надошт ва то пайдо кардани ҳуҷҷат ӯро ба “Хонаи афроди бесарпаноҳ  шаҳри Хуҷанд” интиқол доданд, ки инак чаҳор сол инҷониб дар чордевори ин муассиса ба сар мебарад.

“Илтимос ба ман кӯмак кунед”: илтиҷои ҷигархароши Салим

ИЗОБРАЖЕНИЕ Салим бо Баҳриниссо Абдураҳмонова

Салим Абдулло баъди чанд соли зиндагӣ дар ин муассиса, чанд моҳ пештар ба Баҳринисо Абдураҳмонова, роҳбари Ташилоти ҷамъиятии “Диёр” бо ирсоли номае гуфтааст, илтимос ба ман кӯмак кунед. Суҳбати мо низ бо Салим дар утоқи кори  Баҳринисо, ки ҳамзамон ба таври довталабона намояндагии барномаи байналмиллалии “Жди меня” дар Тоҷикистон аст, сурат гирифт. Барои суҳбат бо ин ҷавони африқоӣ ӯро барои чанд соат аз “Хонаи афроди бесарпаноҳи Хуҷанд” иҷозат гирифтанд. 

“Чанде пештар ба ман мактубе аз Салим омад, ки навиштааст, илтимос ба ман кӯмак кунед, ман аз ин ҷо чораи баромадан надорам. Инак се моҳ боз ман бо ӯ кор мекунам. Сарнавишти ин нафар ба ман сахт таъсир кард”.

Баҳринисо Абдураҳмонова, ки аз воқеияти талхи бар сари ин ҷавони африқоӣ омада бештар огаҳ шудаст гуфт, нафарони зиёд дар имтидоди ин солҳо хостанд ба Салим кӯмак кунанд, вале фиреб доданд. Ӯ гуфт, барои баргардондан ва муайян кардани шахсияти Салум Абдулҳа Кимбумбуни ба сафорати Танзания дар Маскав, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Салиби Сурх ва Раёсати шиносномадиҳии вилояти Суғд муроҷиат кардааст. Раёсати шиносномадиҳӣ омодагии худро барои таҳияи ҳуҷҷат изҳор доштааст, аммо аз сафорати Танзания то ҳанӯз посухе надоданд, ки ин ҷавон воқеъан зодаи Танзания аст ва ё не. Ба барномаи “Жди меня” низ муроҷиат кардааст ва дар бораи ин ҷавони африқоӣ гузорише таҳия шудааст, ки рузҳои наздик барнома бояд нашр шавад.

“Ҳадафи нахустини мо ин дарёфтани хешовандон, тасдиқ кардани шаҳрвандӣ ва гирифтани ҳуҷҷати бозгашт, харидории чипта ва фиристодани Салим ба ватанаш мебошад. Мо бояд ба Салим ёрӣ диҳем ва ҳатман ба ватанаш баргардонем, чунки барояш зиндагӣ дар ин ҷо хело вазнин аст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Талошҳо барои таҳияи санадҳои Салим

 Салум Абдулҳа Кимбумбуни кист?

Аз рӯйи маълумоти ҷамъовардаи ташкилоти “Диёр” ва суҳбатҳои мо бо  худи Салим Абдулло, ӯ аз шаҳри Дор-ус-салом Танзания аст. Падараш Абдул Кимбумбуни соли 1996 дар шашсолагии Салим вафот кардааст. Модараш Азана Амуду соли 2010 дар 19 солагӣ ва замоне, ки ӯ дар  «Минута славы» як шоу-барномаи телевизиони Русия ҳунарнамоӣ мекард фавтидааст. Хоҳаре доштааст бо ном Манено, соҳиби шавҳар буда ва ба гуфтаи Салим замони дар Русия буданаш фаҳмид, ки ӯ низ пеш аз вафоти модараш ҳангоми тавлиди тифл дар беморхонае ҷон бохта, вале кӯдак сиҳат мондааст.

“То замони марг ҳар ҳафта бо модарам сӯҳбат мекардам. Модарам дар назди бандар, ки наздик ба хона буд бо тиҷорати харчанг машғул буд. Падарам ҳам дар ҳамин бандари соҳили баҳр кор кардааст”.

Ӯ мегӯяд, аз пайвандони наздикаш тағояш бо ном Рашид Амудуро, ки дар шаҳри Дор-ус-Салом зиндагӣ мекард, ҷуста истодааст ва писари ҳамин тағояш Абдуллоро, ки мегӯяд, дар шаҳри Орушои Танзания ба сар мебурд, мекобад.  

“Онҳо шумораҳои мобилии худро иваз карданд ва дигар фаъол нестанд. Аз байн солҳои зиёд гузашт, ман намедонам дар куҷоянд, шояд ба дигар кишвар рафтаанд. Қаблан шумораҳои пайвандонамро доштам, аммо ман дар Тоҷикистон телефони  худро гум кардам”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Салим суроғаи худашро бо дасти худаш навиштааст

Аз рӯйи нақли Салим Абдулло, ӯ дар мактаб ҳамагӣ то синфи 9 таҳсил кардааст. Аз мактаби хатмкардааш Тандике Азимио (Tandike Azimio), ки дар шаҳри Дор-ус-Салом аст, ёдовар шуд. Ӯ гуфт, баъди хатми мактаби миёна бо варзиш машғул шуд ва ҳунари акробатиро омӯхту бо гурӯҳе аз дӯстонаш якҷоя тамрин мекард. Чанд муддат аз Дор-ус-Салом ба кишвари Тунис, ба шимолии Африқо сафар намуда, дар ин ҷо онҳо дар сиркҳо ҳунарнамоӣ кардаанд. Ӯ гуфт дар Танзания сиркҳои зиёд мавҷуд нест ва ҳунармандон асосан ба Аврупову дигар кишварҳо барои дарёфти кор сафар мекунанд.

“Қаблан бештар дар боғи ҳайвоноти Сафари ва Нгоронгоро дар минтақаи мамнӯъгоҳи Серенгети (ҷануби Танзания ҳамсарҳад бо Кения) ҷойгир аст кор кардам, зарофаву фил ва дигар ҳайвонҳои зиёд дошт. Дар ин ҷой “Serena” ном як меҳмонхонаи сайёҳӣ мавҷуд аст, ман дар гӯшае баъди тамошову хӯрокхӯрӣ ба меҳмонон ҳунари акрабатии худро нишон медодам, онҳо бароям пул медоданд”.

Кимбумбуни дар "Минута славы”-и Русия пуровоза шуд

 Тахминан баъди соли 2011 ва то замони ба Осиёи Миёна ба сафари сайёҳӣ баромадани гурӯҳи ҳунарии сиркбозони “Болшой сирк”-и Лаҳистон, ки Салим Абдулло ҳам шомили ин ҳайат буд, дар дастаи ҳунарии “Africans Boys” ба истилоҳ “Tanzania Boys” як дастаи машҳури гимнастҳои Африқо ҳунарнамоӣ кардааст.

Бино ба гуфти ин ҷавони африқоӣ, ҳанӯз 19-сола набуд, ки ин дастаи иборат аз чаҳорнафараи акрабатистҳо “Africans Boys”-ро созмон доданд ва дар мусобиқаи байналмиллалии "Минута славы”-и Русия баромад карда баранда шуданд. Маҳз баъди ҳунарнамоӣ дар ин мусобиқа ин ҷавонони африқои шӯҳрат пайдо карданд ва ба чанд шаҳри Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон даъват шуданд.

Ҳунарнамоии Салим дар Русия:

МЕДИА (YOUTUBE)

“Чӣ хелен, ай куҷо омадӣ, кам-кам мефаҳмам”

Салим Абдулло ҳарчанд дар Тоҷикистон бекасу танҳо ва як африқоии шахсияташ номаълум ёд мешавад, мегӯяд, дар рӯзҳои танҳоиву бекормониҳояш тоҷикон ба ӯ кӯмак мекарданд. Салим гуфт, дар ин ҷо ҳамчун хоҳар, модар ва ё додар бо ӯ суҳбат мекунанд ва хайрхоҳон низ барои рӯзияш то ҷое кӯмаки молӣ мекунанд. Дар давоми даҳ сол ӯ бо тоҷикӣ гап заданро низ ёд гирифт.

“Дар ин солҳо тоҷикиро кам-кам омӯхтам. Майда-майда суҳбатҳоро мефаҳмам, аммо гап зада наметавонам, каме мефаҳмам, ки одамон чӣ мегӯянд. “Раҳмат, саломалекум, чӣ хелен, чо кардетай, ай куҷо омадӣ” ҳаминро ёд гирифтам”.

Баҳринисо Абдураҳмонова, ки Салим ҳамакнун ӯро модари дуюми худ ном мебарад гуфт, барои ин ҷавони африқоӣ зиндагӣ хело душвор аст. Барои исботи шахсияту таҳияи санадҳояш ба ӯ маблағ лозим ва аз ҳама муҳим озодӣ мехоҳад, ки инро ман эҳсос мекунам. Вай гуфт, “ҳар қадар тавоне, ки ман дорам ҳатман ба ӯ кӯмак мерасонам. То ҷое ӯ дар театри Хуҷанд ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар ҳолати депрессия қарор дорад, кормандони хонаи афроди бесарпаноҳ мегӯянд, ӯ рӯзҳо чизе намехӯрад, чаҳор панҷ рӯз якмаром хоб меравад”.  

Иштибоҳ буд ё чизи дигар: чаро Салим худро аз Кения гуфт?

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин ҷавони африқоӣ чаҳор сол пеш, баъди дар Хуҷанд боздошт шудан ба полис ва расонаҳо гуфта буд, ки аз шаҳри Нейробии Кения аст. Аммо ҳоло роҳбари созмони “Диёр” мегӯяд, ӯ аз Кения набудааст. Балки аз кӯчаи Azimio, hous 375, Tenekia, Tandike-и шаҳри Дор-ус-Саломи Танзания аст.

Ӯ гуфт, Салими ҷавон он сол, иттифоқан дар шуъбаи шиноснодиҳӣ, замони бозпурсӣ бо як африқоии дигар аз Кения вомехӯрад ва ӯ маслиҳат додааст, ки агар хоҳад зудтар ба Ватан баргардад на аз Танзания, балки худро аз Кения бигӯяд.  Мақомоти шиносномадиҳӣ низ дар асоси гуфтаи Салим  соли 2018 барои мухашхазсозии шахсият ба Кения нома ирсол кардаанд, вале посух наомад ва ин ҷавон ҳамоно дар хонаи бесарпаноҳон боқӣ монд.

“Ӯ бояд аз Тоҷикистон чуноне равад, ки фаромӯш накунад дар ин ҷо инсонҳои самимиву хайрхоҳ зиёданд ва барояш кӯмак карданд. Шояд ёд кунад, ки 10 соли ҳаёти беҳтаринашро дар Тоҷикистон паси сар кард”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Саргузашти ин ҳунарманди сирк, ки замоне дар ҳайати дастаи   “Africans Boys” дар барномаи рақобатии байналмиллалии "Минута славы”-и Русия шӯҳратёб шуда буд, ба як сирки воқеӣ табдил шудааст. Рӯҳан хело хаставу беҳол метобад. Аммо умед дорад, ки рӯзе мушкилаш ҳал мешаваду ба Ватан бармегардад ва ба зиндагии озодона рӯй меорад. Умедвора аст, ки ин рӯзҳои умраш хеле наздиканд.

Ҳама умедаш ба посухи Сафорати Танзания ва барномаи “Жди меня” аст, ки сарнавишташ ба чӣ чизи дигаре рақам мехӯрад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...