spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мулоқоти гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон. Як протоколи дигар ба имзо расид

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11 апрел гуфт, ки ин гурӯҳҳо, ки ҳадафашон таъин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар мебошад, рӯзҳои 5 то 10-уми апрел мулоқот карда дар поёни ҷаласа як протокол ҳам имзо карданд.

Дар хабар омадааст, ки бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо, мулоқоти навбатии гурӯҳҳои ду кишвар дар Қирғизистон баргузор мешавад.

Бо таъкид ба ин ки ин мулоқот “дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ” гузаштааст, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тафсилоти дигаре нашр намекунад. Аз ҷумла, гуфта нашуд, ки оё дар ҷараёни мулоқоти мазкур кадом пешравие дар нуқтаҳои баҳсии марзӣ ба даст омадааст ё на.

Моҳи феврали имсол нахуст Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин дар Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гуруҳи топографӣ ва баъдан Девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ҷаласаҳои гуруҳи топографии ду кишвар, ки аз 1-уми майи соли гузашта ҷараён доранд, 81 километр марз муайян шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҳамсояи наздик 970 км марзи муштарак доранд ва то ҳол беш аз нисфи ин марз то охир муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, даҳҳо километр хати марз дар мақоми баҳсӣ қарор доранд ва ин чиз боиси ҳар сари чанд вақт сар задани низову задухӯрдҳо мешавад. Пурхушунаттарин низоъ 28-уми апрели соли 2021 сар зад, ки се рӯз идома кард ва дар натиҷа, даҳҳо нафарро аз ҳарду тарафи марз куштаву маҷрӯҳ барҷой гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...