Баъди талошҳои зиёд парлумони шартнома миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди нафақаи муҳоҷиронро ба тасвиб расонид. Ин тарҳ яке аз тарҳҳои пурсарусадои солҳои ахири Тоҷикистон дар баҳси муҳоҷирон бо Русия буд. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз порлумон хабар медиҳад.
Ҳоло интизор меравад, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷике, дар Русия кор мекунанду суғуртаи иҷтимоӣ меккнанд, аз ин кишвар нафақа мегиранд.
Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки имрӯз дар ҳузури вакилон ин шартномаро муаррифӣ мекард гуфт, ки ин шартнома соли 2014-15 аз ҷониби Русия омода шуда буд ва тӯли ин солҳо дар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон баррасӣ шуд ва ниҳоят қабул шуд.
"Дар ин давра 7 маротиба гуфтушуниди байни масъулини Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда буд, ки ниҳоят моҳи марти соли гузашта ба ин масъала нуқта гузашта шуд",-гуфт Давлатзода.
Бар асоси ин шартнома, шаҳрвандони Русия, ки низ дар Тоҷикистон кор мекунанд ва суғуртаи иҷтимоӣ кардаанд аз ҷониби Тоҷикистон ба онҳо нафақа пардохт мешавад. Ҳамин тариқ, вақте шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор кунаду баъд ба Тоҷикистон омада бознишаста шавад, қисмати кор дар Русия ҳам вақти ба нафақа баромадан ба назар гирифта мешавад.
-Талабот барои ҳарду кишвар як аст. Шаҳрвандон бояд дар кишваре ки кор мекунанд, андози иҷтимоӣ пардохт карда бошанд. Яъне, андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ, бастагӣ дорад, гуфт Давлатзода
Нафақаи ин нафарон ҳам аз сӯй Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия пардохт мешавад. Яъне аз ду тараф нафақа мегирад, агар дар Русия зиндагӣ кунад, нафақаи Тоҷикистонаш ба Русия гузаронида мешавад,-гуфта шуд дар шарҳе баъзе нукоти шартнома.
Масъалаи пардохти нафақа ба муҳоҷирони тоҷик як аз баҳсҳои доманадори Тоҷикистону Русия буд, ки солҳо дар ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баҳс мешуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.