spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нодир Одилов: донишманде, ки сухани нахуст аз Мавлоно гуфт ва Рӯдакиро аз “марксизм” наҷот дод

Тоҷикон аз зумраи мардумони фарҳангофару тамаддунофаре ба шумор мераванд, ки бо нобиғаҳои илмиву фарҳангӣ ва ҷамъиятияшон ифтихор офарида, дар ҳар марҳилаи навини таърихӣ шахсиятҳоеро чун армуғон ба ҷомеаи худ ва ҷомеаи башарӣ эҳдо кардаанд. Фалсафаву илми даврони шӯравии тоҷик низ аз марҳилаҳои муҳим ва нодири фарҳангу маънавиёти ин халқ маҳсуб ёфта, он зинаи муҳиммеро дар рушди илму фарҳангашон ташкил додааст. Ташаккулу пешрафти ин марҳилаи илму фарҳанг ва фалсафа пеш аз ҳама бар дӯши афроди донишманду равшанзамири миллат, ки профессор Нодир Одилов аз  ҷумлаи онҳост, меистод.

Ин насли зиёии кишвар на танҳо дар омӯзишу таҳқиқи сараватҳои маънавии халқ, балки дар ҳаёти ҷамъиятӣ, дар эҷоди афкори умум ва дар тарбияи насли нави миллат нақши муайян бозидаанд, ки имрӯз баррасиву гиромидошти рӯзгору фаъолияташон барои мо хело муҳим аст.

Профессор Нодир Одилов ҳанӯз дар даврони аввали фаолияти омӯзишиву таҳқиқотияш дар солҳои 60-уми асри гузашта ҳамчун файласуфи борикбин, олими хушсалиқа ва устоди нотакрор дар муҳити илмиву таълимии кишвар соҳиби нуфузу этибор гашта буд.

Самти асосии таҳқиқоти илмии ин донишмандро таълимоти тасаввуфиву ирфонии бахши фалсафаи тоҷик ташкил медод, ки барои он айём хеле мушкилзову баҳсбарангез буд. Зеро замони ҳукмронии идеологияи коммунистӣ ҳанӯз бисёр самтҳои таърихи фалсафа ва махсусан фалсафаи миллӣ ба худ тамғаи диниву зиддиилмиро гирифта, гӯё мухолифи идеологияи давр буданд, ки омӯзишу таҳқиқи онҳо нораво ҳисобида мешуд. Вале ин бахшҳо барои фарҳангу маънавиёти миллии мо муҳиммият дошта, онҳоро ба собиқаи таърихӣ ва андешаи суннатии халқамон мепайваст. Аз ин рӯ, шахсиятҳое рӯи кор меомаданд, ки ба ин маҳдудиятҳои идеологӣ нигоҳ накарда, ба омӯзишу таҳқиқи ин бахши бисёр ҷиддӣ ва айни замон камомӯхташудаи афкори фалсафиву ҷаҳоншинохтии мардумамон даст мезаданд.

Яке аз ин чеҳраҳо олим, файласуф ва донишманди тоҷик, профессор Нодир Одилов буд, ки дар ҳамин даврон ба таҳқиқи осори мутафаккири асримиёнагии Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯй оварда, соли 1964 монографияи илмияшро зери унвони “Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ” аввал ба забони тоҷикӣ ва баъд ба забони русӣ нашр намуд. Баъди ин асарҳову таълифоти дигараш низ аз қабили “Ислом дар оинаи ақл”, “Ихтилофи ақоид ва низои мазхабӣ дар ислом”, “Идеализатсия дар ашъори Рӯдакӣ”, “Дар мавриди ифодаи назмии ҳақиқат”, “Ислом ва инсон” ва ғайраҳо пай дар пай ба табъ мерасанд, ки нигоҳи воқеъбинона ва илмиро ба ин масъалаҳо ва ба дигар падидаҳои илми кишвар дар бар мегирифтанд.                                                                                                                                                                                              

Ин асарҳо дар доираҳои илмӣ баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда, аз тарафи мутахассисон мавриди баҳогузорӣ қарор мегирифтанд. Профессор Р. Мусулмонқулов рисолаи “Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ” –ро баррасӣ намуда, онро “кашфи фалсафаи Мавлавӣ” ва худи муаллифро “кашшофи осори Мавлавӣ” номидааст. Файласуф Мусо Диноршоев  бошад, дар тақризи ин асар қайд менамояд, ки Одилов ақидаҳои Румиро дар мавриди озодии ирода ва мухторияти интихоби орои инсон муфассал таҳқиқ намуда, ӯро дар интихоби худ мухтор ва ба амалиёти фаъолона водор дарёфтааст. Диноршоев  фикрашро ҷамъбаст намуда, дар ин тақризаш  рисоларо барои он замон як таҳқиқоти муҳим арзёбӣ менамояд.

Дар мавриди дараҷаи илмияти ин рисолаи Одилов он чиз низ гувоҳӣ медиҳад, ки олимони сатҳи ҷаҳонӣ аз қабили Бобоҷон Ғафуров, Э. Брагинский, Хайметов ва дигарон дар таҳқиқот хеш ба ин асари муаллиф истинод намуда, барои таъйиди нуқтаи назарашон аз он иқтибосҳо овардаанд. Инчунин, олимони маъруф дигар, монанди Джалидзе, Гассерли ва дигарон дар бораи асарҳои Нодир Одилов ва методологияи таҳқиқотии ӯ ба таври мусбат ёдоварӣ кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зикр намудан ба маврид аст, ки устод Нодир Одилов, ки аз ибтидои фаъолияти илмиву таҳқиқотияш ба мавзуъҳои таърихиву фалсафӣ ва ирфонӣ таваҷчуҳ зоҳир мекард, сари ин андеша буд, ки дар таҳқиқот ва илм муҳим мазмуну моҳияти фикр ва ғоя ҳаст, вале он дар кадом шакл зоҳир мегардад – назмӣ, насрӣ, тасаввуфӣ ё илмӣ- фалсафӣ ин масъалаи дуюм мебошад. Яъне мазмун ва моҳиятро намешавад барои зуҳурот ва шакл қурбон намуд ва аз он сарфи назар кард. 

Омӯзиши илмии ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ, агар аз як тараф чуқур омӯхтани асарҳои мутафаккир ва дар асоси онҳо муайян намудани таълимоти ӯро талаб кунад, аз тарафи дигар – фош сохтани назарияҳои консервативӣ-модернистии баъзе олимони даврро низ зарур мегардонид, ки Одилов ба ин масъалаҳо ҷиддан рӯй овард. Ҳамзамон, дар ин таҳкиқот аввалин бор масоили мубрами ҳастишиносӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ низ аз қабили таносуби ақли кулл ва нафси кулл, нахустҷавҳар, масъалаи фано ва бақо, озодии ирода, ҷабру ихтиёр, мавқеи инсон, таҳаммул ва мадорои мазҳабӣ ва ғайра дар таълимоти тасаввуф мавриди баҳсу баррасии ҷиддии илмӣ қарор гирифтаанд. Ҳамин тариқ, муҳаққиқ барои вокеъбинона ошкор намудани ақоиди фалсафӣ ва тасаввуфии Ҷалолиддини Румӣ аз рӯйи чунин проблемаҳои муҳим, ки дар таъйини ҷахонбинии мутафаккир аҳамияти бузург доштанд, заҳмати зиёд кашидаву ба он ноил шудааст.  

Профессор Нодир Одилов дар як мусоҳиба бо рӯзноманигори фақид Султони Ҳамад, далел ва ангезаи ба таҳқиқи осори Мавлоно рӯй оварданашро ин гуна баён мекунад.

"Вақте донишҷӯй шудам нозукиҳои алифбои ниёгонро мукаммалтар омӯхтам. Дар ҳамин давра тағоям Раҷаб Рафиқов, ки донишманди хуби исломӣ буд, китоби «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро ба ман доду тавсия кард, ки онро мустақилона хонам. Ва таъкид кард, ки китоб моли шахсии донишманди дар гузашта машҳури водии Ванҷ Мулло Одина аст ва онро даҳҳо нафар пинҳонӣ хондаанду боз одамони бештар дар орзуи хондани ин китоб ҳастанд. Аз ин рӯ китобро бояд эҳтиёт кард. Ана дар ҳамон давра ман тавассути ҳамин китоб бори аввал вориди дунёи Мавлавӣ шудам".

Дар ин мусоҳиба донишманд мегӯяд, ки пас аз хатми донишгоҳ, замоне, ки дар аспирантура таҳсил мекард, мехост ба таҳқиқи осори Мавлоно сару кор бигирад, аммо аз устодонаш ба ҷуз Шарифҷон Ҳусейнзода ҳеч каси дигаре ба ӯ тавсияи мусбат намедиҳад. 

Далели онҳо, ки бо олими ҷавон муфиқ набуданд, ин буд, ки "Маснавии Маънавии Мавлавӣ, Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ. Ту дигар чӣ менависӣ? Мавлавӣ қиссаҳои Қуръониро ба назм даровардааст, ки таҳлили онҳо ба дарди идеологияи имрӯзаи мо намехӯрад".

Сарфи назар аз ҳама мушкилот, ӯ китоби "Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ"-ро соли 1959 навиш, вале ҳеч касе аз донишмандони давр ҳозир нашуд онро бихонад ё тақризе бинависад. Китоб соли 1964 бо мусоидати Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва Маҳвашев як тан аз калимиҳои Бухоро ва аз муҳаррирони пурнуфузи Нашриёти давлатии Тоҷикистон чоп мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъди чопи китоб, ки нахустин таҳқиқоти илмӣ дар мавриди Мавлоно дар Шӯравӣ буд, чандин тақризҳои мусбате дар Тоҷикистону Тошканду Маскав нашр мешаванд. Аммо донишманди ҷавон ба ҷуз ин ки Мавлоноро ба руҳи замон мувофиқ кунад чораи дигаре надошт. Баъдан худаш ин корро чунин тавзеҳ медиҳад.

"Дуруст аст, ки дар ин китоби ман фикрҳо ва хулосаҳое баён шудаанд, ки дар шаъни ҳазрати Мавлоно хуб нестанд. Мафкураи ҳақиқии ӯро ифода намекунанд. Имрӯз барои ин навиштаҳоям маро танқид мекунанд ва дуруст танқид мекунанд, аниқтараш кам танқид мекунанд. Ман худам агар танқид кунам, бештар танқид мекунам. Зеро худам хубтар медонам, ки дар куҷои ин китобам чӣ гуфтаам, ки ба ақидаи Мавлоно хос нест".

Дар мусоҳибаи ёдшуда, устод Нодир ОдиловсСуду зиёни ин китобро барои муҳити ҳамондавраи миллӣ, ба ҳисоби дарсади панҷоҳ ба панҷоҳ медонад. "Агар панҷоҳ дар сад афкори Мавлавиро танқид намекардам, ман ҳақ надоштам, ки дар бораи зиндагиномаи ӯ, осори ӯ чизе бигӯям, аз эҷодиёташ мисолҳои конкретӣ биёрам. Вале мардум ҳамон вақтҳо китобро асосан барои он мехариданду мехонданд, ки аз он маълумоти тозае дар бораи Мавлавӣ ва осори ӯ ва на танҳо осори ӯ, балки таърихи ислом ва шахсиятҳои маъруфи он метавонистанд пайдо кунанд".

Баъдан устод Одилов ин таҳқиқро барои рисолаи илмӣ ва дарёфти дараҷаи илмӣ мувофиқ мекунонанд, вале дар Институти фалсафаи Академияи улуми Шӯравӣ дардисарҳое барояш эҷод мешавад, ки бо мусоидати аллома Бобоҷон Ғафуров мушкилот аз роҳ бардошта ва эшон рисоларо дифоъ мекунанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки устод Нодир Одилов чунин назариёташро на танҳо дар рисолаҳои илмӣ, балки дар мақолаҳои алоҳидаи таҳкиқотияш низ, ки тайи солҳои гуногун дар рӯзномаву маҷаллаҳои мухталиф ба табъ мерасидаанд, баён намудааст. Дар ин мақолаҳо ҳам мавзуъхо ва соҳаҳои гуногуни илму фалсафа ба баҳсу таҳқиқ кашида шудаанд, ки ин баҳсҳо муддатҳои зиёде дар доираҳои илмиву фарҳангӣ идома меёфтанд.

Ин гуна мақолаҳо он замон барои доираҳои илмии кишвари мо дар роҳи таҳкиқу омӯзиши мероси гузаштаамон аҳамияти муҳими методологӣ доштанд.

Барои мисол, дар мақолаи «Идеализатсия дар баҳодиҳӣ  ва эҷодиёти Рӯдакӣ», ки ҳанӯз дар оғози фаъолияти илмии Одилов таълиф шудааст, муаллиф услуби аз контексти замон ва макон ҷудо кардани фикр ва андешаи файласуфону шоирони гузашта ва ба онҳо нисбат додани ақидаҳои моддигароӣ дар партави ҷаҳонбинии марксистиро маҳкум намудааст. Муаллиф чунин услубро, ки дар таҳқиқотҳои он замон ба шакли анъана, яъне мӯд даромада буд, методологияи зиддитаърихӣ ба қалам дода, барои илм онро носозгор хондааст.

Ин мақола аз ҷиҳати ғоявӣ бар муқобили ҳамагуна идеалисозии маданияти гузашта дар пиромуни талаботҳои идеологии он замон буд. Мақолаи номбурда аз ҷасорати шахсӣ, меҳанпарастӣ ва ҳақиқатпарастии муаллиф дар рӯ ба рӯи фактҳои таърихиву илмӣ шаҳодат медод. Дар атрофи ин мақола баҳсу мунозира ва муноқишаҳои доманадор авҷ гирифта ва дар саҳифаи маҷаллаву рӯзномаҳо ақидаҳои гуногун ба табъ расида буданд.

Муҳаққиқ дар ин мақолаи аз ҷиҳати ҳаҷм на чандон бузург, вале аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа бою васеъ, тавонистааст фикрҳои муҳим ва ҷавобгӯи ниёзи доираҳои илмии кишварро баён намояд. Ӯ хулосаи иддае аз таҳқиқотчиёнро дар мавриди он, ки гӯё дар эъҷодиёти устод Рӯдакӣ ақидаҳои моддигароӣ дар шакли эпикуризм ва идеягароӣ дар шакли тасаввуф бо ҳам дар зиддият қарор доранд, ҷасурона рад кардааст. Дар ин маврид зикр намудааст, ки дар эъҷодиёти Рудакӣ ягон гуна материализм нест ва идеализатсия кардани Рӯдакӣ дар рӯҳияи марксизм чандон кори савоб намебошад. Ба андешаи ӯ, Рудакӣ  нисбат ба давраи худ, ба қадри кифоя бузург буд ва ба ягон идеализатсия эҳтиёҷе надорад. Бузургии Рӯдакӣ ба хулосаи муаллиф, дар он ифода меёбад, ки тавонистааст ҳамчун шоири тавоно дар пардаи афкори идеалистӣ низ, фикрҳои пешқадам ва халқии замонашро ифода намояд. Чунин тарзи андешаронӣ ва масъалагузорӣ, чунон ки қайд карда будем, барои он замон ҷуръати бузург талаб мекард ва дар шинохти воқеии таълимоти ин мутафаккирон ва симои аслии онҳо аҳамияти хосса дошт.

Ин гуна услуб ва шеваи таҳқиқот қариб дар ҳама мақолаҳои тадқиқотии устод Нодир Одилов, ки чанде аз онҳо ба ҳамон шакли аввалаашон дубора низ нашр шудаанд, ба чашм мерасад. Аз ҷумла дар як мақолаи дигар, ки муаллиф дар он доир ба эҷоди  бадеии воқеият фикрашро баён намудааст, андешаҳои хеле баланди илмиро матраҳ намудааст.

Муҳаққиқ дар он ақидаи роиҷеро, ки тибқи он фақат пайравони реализми сотсиалистӣ метавонанд асарҳои ҷолиб офаранд, зери шубҳа гузоштааст. Дар ин таълифот муаллиф ба натиҷае расидааст, ки инъикоси бадеии ҳаёт аз ягон метод ва услуби алоҳида вобаста набуда, балки ба ғановати маънавӣ ва санъати бадеии эҷодкори он марбут мебошад.

Самти дигари бисёр муҳими фаъолияти устод Нодир Одиловро фаъолияти устодиву омӯзгории он кас ташкил медиҳад. Он кас аз устодон ва мураббиёни нотакрор ба шумор рафта, дар тарбия ва парвариши чандин нафар олимону донишмандони ҷавон нақши муҳим бозидааст. Инчунин, садҳо нафар толибилмони илм ҳангоми донишҷӯӣ аз таълиму тарбияи устод ва хазинаи маънавии ӯ, ки аз дарёи беканори Мавлонои Руму Шамси Табрезӣ об мехӯрд, баҳра бурдаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар баробари кори илмӣ ва омӯзгорӣ инчунин, фаъолияти ҷамъиятӣ ва фархангии Одилов  боз ҳам нихоят муассир буд. Ӯ шахсияти муаддаб, бофарҳанг, ҷиддӣ, ватандӯст, масъулиятшинос ва дар муомила ба ҳама хурду калон хоксору хайрхоҳ буд. Хулқи ҳалим, рафтори нарм ва меҳри  фалсафаву ирфонро бо таъкиди худаш дар замираш ҳанӯз дар даврони кӯдакӣ дар зодгоҳаш шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ мӯйсафедони диёр гузошта буданд. Дар баробари мактаб саҳми фазои маънавӣ ва тарбияи пирони рӯзгордида, ки аз адабиёту ирфони гузаштаи тоҷик маълумоти фаровон доштанд, дар тарбияи Нодири ҷавон бузург буд. Он замон дар байни мардум “Ҳофиз” -хонию “Бедил”  -хонӣ ва “Шоҳнома” – хонӣ хеле дар авҷ буд.

Худи Одилов дар ёддошташ қайд карда буд, ки хатти арабиро аз модаркалони модарияш омӯхтаву аввалин бор бо китоби “Маснавии Маънавӣ” дар дасти яке аз мӯйсафедони зодгоҳаш бобои Раҷаби Рафиқ ошно шуда буд. Ин таъсири фазои мусолиматхоҳонаву муҳити нарми даврони кӯдакияш тамоми умр донишманро ҳамроҳӣ кардааст, ки дар оянда дар ҳалқаҳои адабӣ ӯро адабиётшинос, дар байни диндорон ӯро илоҳиётшинос ва дар байни аҳли хираду ҳикмат ӯро файласуф пазируфтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Фаолияти ҷамъиятӣ ва тарбиявию таълимии Нодир Одилов махсусан дар даврони нооромиҳои кишвар ҷиҳати таъмини суботу оромии он хеле зиёд шуда буд. Яке аз шогирдонаш, журналисти шинохта Ҷонибеки Асрориён дар замони душвороихои чанги беамони шахрвандӣ дар бораи он кас зикр карда навишта буд, ки устодро мебинам вазнин – вазнин гом мебардорад, сӯи коргоҳ меравад, коргохи ӯ ин замон тамоми Тоҷикистон аст. Аксаран пиёда меравад, андешамандона ва вазнин – вазнин гом мебардорад бо қомати баланду танумандаш, бо қомати зебандааш, бо қомати точиконааш, рабти ҳаракатро тағйир намедиҳад, меравад бо як маром ва ин ҳолатро умрест тулонӣ ва дуру дароз, қариб ним аср ин ҳолат идома дорад. Дар роҳ ҳама шиносу ношинос саломаш медиҳанд ва ҳамаро самимона пурсу пос мекунад. Ва роҳашро давом медиҳад ва меравад сӯи донишгоҳу маҷлисгоҳ, меравад сӯи шабакаҳои телевизиониву родиёӣ ва ғайра ва тайёр аст ба мулоқоти мардум дар тамоми навоҳии Ҷумҳурӣ. Дарс мегӯяд, китобу мақолаҳо нашр мекунад, сӯҳбату маслиҳат медиҳад, баромад мекунад ва аз ҳама муҳимтаринаш бо ҳама самимӣ ва бо меҳр аст. Ӯ ҳакимест, ки дониши олӣ, андарзи зиндагӣ, ҳикмати ҷовидона, маънавиёти воло ва ранҷу аламҳои халқи кӯҳанбунёдамонро дар сина дорад ва имрӯз аз алами Ватанаш ором надорад ва роҳи оромиву суботи онро меҷӯяд. Мо бо ин гуна устод умре   фахр доштем, устоди зиндаёд – Нодир Одилов.

                             Ишқ бин, бо ошиқон омехта,

                             Рӯҳ бин, бо хокдон омехта.

                            Ончунон шохе нигар, к – аз лутфи ӯ,

                            Хору гул дар гулситон омехта…..

 Ёдат ба хайр, донишманди соҳибфазилат ва устоди зиндаёд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...