Шаҳрдории Душанбе пурра ба бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 40) кӯчид ва аз ин пас мардум метавонанд барои баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба ин суроға муроҷаит кунанд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
То ин дам қисме аз кормандони шаҳрдории Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ 80 – бинои собиқи ҳукумати кишвар ё Қасри президент ва қисме дар бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 40) фаъолият мекарданд. Вале қабули шаҳрвандон дар бинои собиқи Қасри президент сурат мегирифт. Акнун ҳамаи кормандони он ба бинои собиқи МТС гузаштанд ва шаҳрвандонро ҳам дар онҷо қабул мекунанд.
Дар биное, ки ҳоло шаҳрдорӣ рафт, қаблан кормандони МТС ва АМИТ “Ховар” кор мекарданд. Ҳанӯз ду сол пештар кормандони МТС ба бинои Иттифоқи расомони Тоҷикистон (бинои маъруф ба “Суҳроб арт галерия”) ва АМИТ “Ховар” ба бинои “Шарқи озод” кӯчиданд.
Кӯчидани шаҳрдории Душанбе аз бинои собиқи ҳукумат ва ё Қасри президент дар ҳолест, ки шаҳрдории Душанбе баъди тахриби бинои аслии хеш, дар яке аз қаннотҳои ин бино фаъолият мекард. Дар қаноти дигари ин бино Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буд. Ахиран, соли 2020 тасмим гирифта шуд, ки Қасри президент низ тахриб карда мешавад ва пеш аз шаҳрдории Душанбе Кумитаи сайёҳӣ ба дигар бино кӯчонида шуд.
То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Қаблан ин бино ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ тааллуқ дошт.
Дар бораи тахриб ва дар ҷойи он сохтани бинои нав зимни нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе аввали моҳи феврали соли 2020 иттилоъ дода шуд. Он замон ин хабар дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёде ба бор овард ва аксари шахсиятҳои маъруф мухолифи он изҳори назар карданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳукумат бо дархости даст кашидан аз кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар Душанбе, аз ҷумла, бинои собиқи ҳукумат ва чойхонаи “Роҳат” чандин маротиба муроҷиат карданд.
Тӯли чанд соли охир, дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.