Ҳамватанони азиз, хонандагону корбарони гиромиву гаронмояи "Азия-Плюс"!
Расидан ба як Иди дигари мубораки Саиди Фитрро ба Шумо муборакбод мегӯйем.
Моҳи Рамазон, ки як моҳи имтиҳону риёзати имону тақвои бандагон дар баробари Худованди боргоҳи саодат ва манбаи қудрат аст, бо хубиву хушӣ сипарӣ шуд. Бигзор ҳар рӯзи рӯзгоратон ба андозаи ин моҳ пурбаракат ва ба масобаи ин иди мубораку нуронӣ пур аз хушиву фараҳу шодмониву шодкомӣ бод!
Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" барои якояки Шумо ва хонаводаҳои муҳтарами Шумо ин Иди бузургро муборакбод мегӯяд ва орзуйи муваффақияти Шуморо дорад!
Ид муборак ва аз мо ҳамеша хабарҳои хушу идона бишнаведу бихонеду бубинед!