Технологияҳои нав як соҳаи ояндадорест, ки метавонад як қисми асосии иқтисоди Тоҷикистон гардад, даромади калон ворид кунад ва ҳаёти иҷтимоиро тағйир диҳад. Аммо чаро ин соҳа то ҳол ояндадор ба щисоб меравад, чаро танҳо «метавонад даромаднок» бошад? Дар ин бора дар ток-шоуи "Рости гап" баҳс кардем.
Дар кишвар кадом ширкатҳои стартап фаъолият доранд, онҳо чиҳоро инкишоф медиҳанд, “роботи тоҷик” дар бораи чӣ ва бо кадом забон ҳарф мезанад, идеяҳои олими ҷавони тоҷик чӣ гуна метавонанд ба наҷоти дандонҳо мусоидат кунанд? Ва инчунин, чаро то ҳол дар кишвар IT-парк вуҷуд надорад, чаро фаъолияти он муҳим аст, чӣ чиз ба рушди технологияҳои нав ва стартапҳо халал мерасонад ва чӣ бояд кард?
Меҳмонони мо намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ буданд!