spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оила – макони меҳрубонӣ

Дар Тоҷикистон барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва тағйир додани рафтору муносибати аҳли ҷомеа ҳамкории фарогир роҳандозӣ шудааст. Аввали соли равон Стратегияи коммуникатсионии «Оила – макони меҳрубонӣ» аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Лоиҳаи Стратегияи коммуникатсионӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими мавқеи оила ва занону духтарон дар ҷомеа, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва бекоршавии ақди никоҳҳо, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ омода шудааст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо буд, ки Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро таҳия ва соли 2013 қабул намуд. Имрӯз ҳудуди 60 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ дорем, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии бонувони моро дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин, вокуниши ҷомеа нисбат ба зӯроварии гендерӣ аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад.

Айни замон дидгоҳи анъанавӣ оид ба нақшҳои гендерӣ, ки дар асоси ақидаҳои қолабӣ миёни мардум шакл гирифтааст, фаҳмиши онҳоро таҳриф менамояд. Дар шароити кунунӣ бо мафкураи мардум кор карда, рафтору муносибати ҷомеаро дар масъалаи хушунат нисбат ба занону духтарон бояд тағйир дод», – изҳор дошт Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Стратегияи коммуникатсионии «Оила – макони меҳрубонӣ» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо «Нури рӯшноӣ» таҳия шудааст. Дастури мазкур бо қарори мушовараи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2023, №4 тасдиқ гардид.

Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, таҳия ва амалисозии ин Стратегияи коммуникатсионӣ тадбири саривақтӣ мебошад, ки барои татбиқи самараноки Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” мусоидат менамояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мушкилот ва имконот

«Муҳити оила барои рушди солими кӯдакон ва некӯаҳволии тамоми аъзои он нақши муҳим дорад. Мавҷудияти ҳама гуна хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ, ки ба рушди ҷомеа ва кишварҳои мо таъсири манфӣ мерасонад, набояд таҳаммул шавад. Аз ин рӯ, барои решакан кардани хушунати ҷинсӣ ва пешбурди баробарии гендерӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, амалисозии Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи ин лоиҳаи фарогир мубориза бо зӯроварии гендерӣ, ҳамчунин тавонмандсозии занону духтарон аст, то ҳуқуқҳои онҳо риоя шаванд», – мегӯяд Раймундас Кароблис, сафир, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Паёми калидии Стратегия коммуникатсионӣ: «Оила макони меҳрубонӣ, муҳаббат ва эҳтиром аст».

Нақшаи амалисозии он истифодаи паёмҳои асосӣ ва шабакаҳои иттилоърасонии гуногунро барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон ва тағйир додани рафтору муносибати ҷомеа пешбинӣ кардааст. Ин тадбирҳо ба шаклгирӣ ва нигаҳдории амалу рафторҳои мусбат дар сатҳҳои инфиродӣ, байнишахсӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд.

Мақсади асосии Стратегия аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон дуруст пазируфта шудани асосҳои волидии мусбат ва тағйир додани рафтору муносибати ҷомеа ба зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон мебошад. Он фарогири маҷмӯи чорабиниҳои иттилоотию маърифатиест, ки ба ташаккули таҳаммулнопазирӣ нисбат ба шаклҳои гуногуни зӯроварӣ равона шудааст.

Волидии мусбат муносибати неки падару модар бо кӯдак аст, ки дар он пеш аз ҳама ба сифатҳои беҳтарини фарзанд дар ҳаёти ҳамарӯзаи ӯ таваҷҷуҳ карда мешавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Волидии мусбат роҳандозии муносибатҳои мутақобиларо дар оила бидуни истифода аз ҳама гуна зӯроварӣ пешбинӣ мекунад. Чӣ тавре маълум аст, зӯроварӣ дар оила ба кӯдак таъсири хеле бад мерасонад, ҳатто агар на ба худи ӯ равона шуда бошад.

Усулу равияҳои сохтори оилае, ки аз волидии мусбат истифода мекунад, ба таври зайл аст:

• Хонаводае, ки дар он марду зан ҳангоми истифодаи маблағҳои оилавӣ, тарбияи кӯдакон ва ҳалли масоили дигар баробарҳуқуқ ҳастанд;

• Шуғли касбӣ доштани ҳамаи калонсолони қобили меҳнати оила, ҳамчунин фаъолияти меҳнатии занон, ки ангезааш на танҳо зарурати фоидаи молиявӣ, балки кӯшиши худмуаррифӣ ва муваффақшавист.

Намунаи волидии мусбат падари саҳмгузор аст, ки дар ҷараёни нигоҳубини кӯдак ва ғамхорӣ нисбат ба фарзанд иштироки доимӣ ва фаъол дорад. Падари саҳмгузор масъулияти вақтгузаронии пурсамар (бозӣ, сайругашт) бо кӯдакро, сарфи назар аз ҷинсаш ба зимма гирифта, бо завҷааш иҷрои корҳои хоҷагии якҷояашонро тақсим мекунад, ҳуқуқ ва талаботи ӯро эътирофу эҳтиром менамояд. Муомилаи нек дар байни зану шавҳар сатҳу сифати муносибатҳои мутақобилаи падар бо фарзандонро ҳам хеле беҳтар месозад.

Модели иҷтимоиву муҳитзистӣ

Стратегияи коммуникатсионӣ ба 4 сатҳи модели иҷтимоиву муҳитзистӣ такя мекунад:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мувофиқи назарияи тағйирот, чунин омилҳои асосӣ ба рафтори инсон таъсир мерасонанд: равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва муҳити зист, ки байни ҳам алоқаи зич доранд.

Ҳар яке аз ин омилҳо ба меъёрҳои мувофиқ тақсим шуда, барои фаҳмиши масоили зерин мусоидат менамоянд: чаро одамон чунин рафтор мекунанд, на ба таври дигар, чӣ барои тағйири муносибати онҳо муҳим аст – хислатҳои гуногуни шахсӣ, робитаҳои хонаводагӣ, меъёрҳои суннатӣ, ақидаҳои қолабии ҷамъиятӣ, механизмҳои мавҷудаи ниҳодӣ.

Дигаргуниҳои нек

Агар падару модар ва аҳли хонавода фарзандонро бо усули волидии мусбат тарбия ва таълим диҳанд; агар сатҳи огоҳии волидон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, ходимони дин ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба равишҳои мусбати тарбияи кӯдакон ва риояи ҳуқуқи онҳо беҳтар шавад; агар ҷомеа далелҳои зӯроварӣ нисбат ба занону кӯдакон (ҳам духтарон ва ҳам писарон)-ро маҳкум кунад, дар натиҷа ҳолатҳои зӯроварӣ коҳиш меёбанд ва рушди иқтидори тамоми ҷомеа таъмин мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Афзалиятҳои Стратегия

Пешбурди назарияи «Оилаи бидуни зӯроварӣ» тавассути рушди волидии мусбат афзалияти асосии Стратегияи коммуникатсионӣ мебошад. Зимнан оила аз дидгоҳи якчанд насл баррасӣ мешавад. Интихоби мазкур бо назардошти сохтори оилаи анъанавӣ дар Тоҷикистон сурат пазируфтааст, ки дар он аксаран чандин насл дар як хона зиндагӣ дошта, қарори аъзои калонсоли оила барои хурдиҳо муҳим ва таъсиргузор аст.

Афзалиятҳои дигари Стратегия пешбурди меъёрҳои мусбати гендерӣ, аз ҷумла, дилбастагӣ, эҳтиром, тарбияи фаъолнокӣ ва ташаббускорӣ, ҳамчунин интизоми мусбат дар байни ҳама наслҳои оила мебошад.

Дар зери мафҳуми меъёрҳои мусбати гендерӣ инҳо фаҳмида мешаванд:

• Зарурати таҳсили пурраи духтарон (бо шумули маълумоти олӣ) барои некӯаҳволии онҳо дар зиндагӣ;

• Дар хонавода тарбияи қадршиносии духтарону занон ва эҳтироми онҳо ҳамчун аъзои комилҳуқуқи оила ва ҷомеа;

• Муносибати баробар нисбат ба писарон ва духтарон дар ҷараёни таълиму тарбия, то ин ки онҳо дар оянда имкониятҳои баробар дошта бошанд;

• Иштироки баробари падару модар дар тарбияву нигоҳубини фарзандон ва тақсими масъулиятҳои хонаводагӣ ҳамчун асоси инкишофи хуби кӯдакон ва устувории оила;

• Маъмулӣ шудани иштироки занон дар фаъолияти меҳнатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, дар сатҳи қабули қарорҳо;

• Инкишофи таҳаммулнопазирии комил нисбат ба зӯроварӣ дар оила ва берун аз он.

Ҳамкориҳои муфид

Стратегияи коммуникатсионӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини Оҷонсии коммуникатсионии “Artarea” ва коршиносони миллию байналмилалӣ оид ба масоили гендерӣ ва расонаӣ омода шудааст. Муҳтавои он зимни таҳлилу баррасӣ дар ҷаласаҳои Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти пешниҳодоти мутахассисони сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ такмилу мувофиқа гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Ҳамаи мо барои ҳифзи духтарону занон аз зӯроварӣ дар Тоҷикистон масъул ҳастем. Ҳадафи асосии Ташаббуси “Нури рӯшноӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, уҳдадории инфиродӣ ва дастҷамъии мо бар зидди зӯроварӣ мебошад. Ҳамаи мо – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин уҳдадорӣ якҷо ҳастем. Мо то замони фароҳамсозии ҳаёти бидуни зӯроварӣ барои духтарону занон дар Тоҷикистон ҳамкории худро давом медиҳем», – иброз дошт Осама Маккави Хогали, роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон.

Барои мусоидат ба тағйироти мусбат воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар имконоти замонавии интишори маълумот истифода мешаванд, то ин ки иттилоотонии аҳолии ҳамаи минтақаҳои кишвар сурат пазирад. Ҳамчунин матолибе таҳияву нашр мешаванд, ки аз ҷиҳати шаклу муҳтаво барои ҳамаи гурӯҳҳои таъсирпазир, аз ҷумла, шахсони дорои маъюбият мувофиқу дастрас мебошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Амалисозии Стратегияи коммуникатсионии «Оила – макони меҳрубонӣ» аз ҷониби ҳамаи сохтору созмонҳои дахлдор барои беҳтар шудани ҷомеаи мо дар дарозмуддат кумак хоҳад кард, зеро он ба беҳбуди муносибатҳои байниҳамдигарии сокинони Тоҷикистон равона шудааст», – гуфт Алишер Примкулов, сарвари эҷодии Оҷонсии коммуникатсионии “Artarea”.

Давомнокии амалисозии Стратегияи коммуникатсионӣ 3 сол аст. Он баъд аз оғози татбиқ ва гирдоварию таҳлили фикру мулоҳизаҳо оид ба таъсири чорабиниҳо, бо назардошти тавсияҳои Гурӯҳи корӣ метавонад тағйиру такмил дода шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, ки пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон яке аз афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад. Аз ин рӯ, дар марҳилаи кунунӣ ҳамкории сохтору созмонҳои дахлдор ва роҳандозии маъракаҳои иттилоотӣ барои тағйир додани рафтору муносибати ҷомеа зарур аст, то ин ки хушунат нисбат ба занону духтарон коҳиш ёбад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бознашр аз “Ҷумҳурият”

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...