Мудири муассисаи томактабии №7-и шаҳри Хуҷанд Мадинаҷон Раупова ва корманди филиали ташкилоти қарзии “Имон Интернешнл” Маликхӯҷа Раҳимобоев ба сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи маблағи ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешаванд.
“Бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо онҳо ба номи 11 нафар гӯё барои рушди тиҷорат ва таъмири хона қарзҳои бонкӣ тартиб додаанд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.
Бино ба маълумоти Агентӣ, маблағи умумии қарзҳо зиёда аз 161 ҳазор доллар ва 727,5 ҳазор сомониро ташкил дода, онҳо ин маблағро тасарруф ва барои эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардаанд.
“Нисбати онҳо бо моддаҳои 246 (Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.
Дар моддаи аввал ҷарима дар ҳаҷми аз 547 то 1 ҳазору 460 нишондиҳандаи барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 8 сол бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар моддаи дуюм ҷарима дар ҳаҷми аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол ҷазо муқаррар шудааст.