29-уми март дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо – “Сайри гули лола” барпо гардид. Ғолибони ҳама номинатсияҳои озмун бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10 000, 7 000 ва 5 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Озмун дар номинатсияҳои “Боғи беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин”, “Кӯча ё хиёбони беҳтарин”, “Коомпозитсияи беҳтарин” ва “Гулпарвари беҳтарин” баргузор гашт.
Дар робита ба ин, мо тасмим гирифтем, ки дар шаҳр сайр карда, ба шумо маконҳои гулпӯши Душанбеи нозанинро нишон бидиҳем.