Шараф Эгамзод, муовини ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ҳусайнӣ Валиванд, фармондеҳи донишгоҳи фармондеҳӣ ва ситоди артиши Эрон дар бораи баргузории размоишҳои муштарак гуфтугӯ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ҳукумати Эрон “Садо ва Симо” иттилоъ медиҳад.
Ба гузориши хабаргузорӣ, генерал Ҳусайнӣ Валиванд дар дидор бо генерал Шараф Эгамзод дар Теҳрон бо истиқбол аз ҳамкориҳои ду кишвар, ибрози умедворӣ кардааст, ки равобити Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо ва ба вижа, бахши дифоӣ беш аз пеш густариш ёбад.
Дар идомаи ин мулоқот, генерал Шараф Эгамзод гуфтааст, “умедворем битавонем дар арсаҳои дифоӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо гомҳои хубе бардорем”.
Ҳайати низомии Тоҷикистон аз маконҳои мухталифи ин донишгоҳ аз ҷумла, маркази бози ҷанг, донишкадаи фармондеҳӣ ва ситод, донишкадаи пуштибонӣ ва ситод боздид кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин тамрини низомии муштарак миёни ҳарбиёни Тоҷикистону Эрон пас аз барқароршавии муносибатҳои барои муддате сардгашта мебошад. Мушоҳида мешавад, ки ҳамакнун, мақомоти ду кишвар дар аксар бахшҳо равобитро густариш медиҳанд.