Дар се моҳи соли равон ба буҷети кишвар аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 4 млрд 58,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 202 млн сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи нақша бояд 3 млрд 856,4 млн сомонӣ ҷамъоварӣ мешуд. Ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи андоз зикр шудааст.
Ҳамин тариқ, нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои буҷет дар ин давра 105,2 дарсад иҷро шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар ин давра танҳо шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ нақшаи андозро иҷро карда натавонистанд. Онҳо дар се моҳ нақшаро 96 дарсад иҷро кардаанду халос.
“Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ин давра дар ВМКБ ба андозаи 107,2 дарсад, вилояти Хатлон – 101,9 дарсад, вилояти Суғд – 103,8 дарсад, шаҳри Душанбе – 106,3 дарсад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ – 96,0% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ҳисоби корхонаҳои дар қайди он буда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, 120,1% таъмин карда шуд”, – навиштааст “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии Кумитаи андоз.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифта, мувофиқи он, меъёрҳо аз рӯи баъзе андозҳо поин рафтанд. Масалан, меъёри стандартии ААИ, ки зиёда аз 40%-и маблағи даромад ба буҷетро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% кам карда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2023 афзоиши даромадҳо ба буҷетро ба андозаи 12,3% зиёд кунад. Дар лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023” қисмати даромад ба маблағи 37,1 млрд сомонӣ ва хароҷот – 38,1 млрд сомонӣ тасдиқ шудааст.
Касри Буҷети давлатӣ барои соли 2023 беш аз 1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 0,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст.