Бахшида ба 145-солагии таваллуди Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик, ба осорхонаи адиб дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро 90 китоби тозанашр ҳадя шудааст. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ирсол гардида, ба ин муассисаи фарҳангӣ дастрас гардидааст.
“Иқдоми мазкур бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Бухоро гирифта шуда, ҳама китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ тақдим гардиданд. Аз ҷумла, як силсила китобҳои “Ахтарони адаб”, назму наср ва бадеӣ дастрас карда шуд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти Осорхонаи Садриддин Айнӣ изҳор доштааст, ки дар арафаи таҷлили 145-солагии устод Айнӣ тақдими адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар самти мукаммал гардонидани фонди Осорхона тӯҳфаи хуб маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, чанде пештар Вазорати маориф ва илм иддао кард, ки як миқдор китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва электронӣ бо забони тоҷикиро тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба тоҷикони муқими ин кишвар равон кардааст.
Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва як муассисаи олии Ӯзбекистон дар сӯҳбат бо мо ин иддаоро рад карда, гуфтанд, китобе дастрас накардаанд.
Бо гузашт чанд муддат ва нашри мақолаи “Азия-Плюс” ҳоло ҳам маълум нест, ки китобҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии Ӯзбекистон равонкарда, куҷо “ғайб” задаанд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаи камбуд ё танқиси китоби тоҷикӣ дар Ӯзбекитон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Тоҷикони шинохтаи ин кишвар борҳо тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз норасоии китоб бо забони тоҷикӣ шикоят карда, аз ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хоста буданд, барои дастрас кардани китоб мусоидат кунанд.