spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Расонаҳои Туркия аз сактаи қалби Эрдуғон менависанд. Мақомот рад карданд

Маркази мубориза бо маълумоти бардурӯғи дафтари Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия хабари сактаи қалб ва бистарӣ шудани роҳбари кишварро рад кард. Фуат Октай, муовини раисиҷумҳури Туркия гуфт, ки “сарвари давлат шамол хӯрдаву вазъи ӯ хеле хуб аст”, хабар медиҳад Ahaber.

Ин вокуниш ба хабарҳое буд, ки оид ба бад шудани вазъи саломатии Эрдуғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид.

“Иддаоҳо дар бораи сактаи қалби президент Эрдуғон ва дар бемористон бистарӣ шуданашон дуруст нест. Президент рӯзи 27-уми апрел дар нахустин маросими пур кардани сӯзишвории Нерӯгоҳи барқи атомии Оккую тавассути пахши мустақим ширкат хоҳад кард”, – гуфта мешавад дар изҳороти дафтари раисиҷумҳур.

Сабаби расмии бад шудани саломатии Эрдуғон зукоми меъда гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷараёни пахши мустақим дар посух ба суолҳои хабарнигорони шабакаҳои телевизионии Канал 7 ва Улкер худро бад ҳис кард. Пас аз чанд дақиқа аз оғози пахши мустақим, барномаи телевизионӣ барои 20 дақиқа қатъ шуд ва пас аз идомаи он раисиҷумҳур ба хабарнигорон гуфт, ки "дар меъдааш сардии шадиде дошт".

“Мо сахт кор мекунем. Ман сардии ҷиддӣ дорам. Мо фикр мекардем, ки агар барномаро лағв кунем, шояд моро нодуруст фаҳманд. Мо тавре ки ваъда додам, омадем. Мо низ гоҳ-гоҳ бо чунин мушкилот рӯбарӯ мешавем, ман аз ҳамаи шаҳрвандони худ, ки ҳоло экрани телевизионро тамошо мекунанд, узр мехоҳам”, – гуфт Эрдуғон пас аз идомаи пахши барнома.

Пас аз идомаи пахши барнома рӯзноманигорон ба раисиҷумҳур ҳар кадом як савол доданд ва пас аз он пахши барнома ба поён расид. Баъдтар намояндаи Эрдуғон Иброҳим Калин дар Твиттер навишт, саломатии сарвари давлат хуб аст.

Ахиран, дар  Туркия як қатор чорабиниҳо бо иштироки Эрдуғон лағв шуд. Аз ҷумла, тазоҳурот дар шаҳрҳои Мерсин ва Усмония, ки 27-уми апрел дар назар дошта шуда буд ва ҳамчунин се суханронӣ дар вилоятҳои Анатолияи Марказӣ, ки мебоист рӯзи 26-уми апрел баргузор мешуданд, лағв гардиданд.

Зикр мегардад, ки сарвари давлат имрӯз дар ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи атомии Оккую ба таври онлайн ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Туркия маъракаи пешазинтихоботӣ ҷараён дорад ва Эрдуғон яке аз номзадҳои аслии ин корзоб дониста мешавад. Ӯ яке аз сиёсатмадорони қавии кишвар буда, аз соли 2003 то соли 2014 ба ҳайси сарвазир ва аз соли 2014 то кунун дар маснади президент фаъолият дорад ва инак, 20 сол мешавад, ки амалан Туркияро роҳбарӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...