Бар асари таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як зан ҷон бохтааст. Ӯ дар пешайвони манзилаш, дар ошёнаи сеюми бинои ҳамшафати нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор дошта, аз мавҷи таркиш ба замин афтодааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе менависад, ки ин зан дар пайи ҷароҳатҳои вазнини бардоштааст дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтор ва дарпайи он таркиш имрӯз соати 15:37 дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Соро ойл” дар кӯчаи Борбади пойтахт рух додааст.
Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки мошини интиқолдиҳандаи маводи сӯхт ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ таркидааст.
“Сӯхтор дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз мошин рух додааст”, – гуфтанд дар вазорат.
Сӯхторро 9 дастаи оташнишонӣ хомӯш карданд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, бар асари таркиш ҳамчунин як мошини боркаш низ осеб дидааст, ки дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор доштааст.
Зарар ва сабабҳои сӯхторро комиссияҳои махсус муайян хоҳад кард, гуфтаанд аз ВКД.