Тоҷикони зиёд шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони мо пайваста дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, яъне онҳо метавонанд ба артиши Русия ҷалб шаванд.
Сухан дар бораи чӣ меравад?
Рӯзи 11-уми апрел Думаи давлатии Русия бастаи ислоҳот ба Қонуни федеролӣ “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро қабул кард. Онро президенти Русия низ имзо кард.
Тибқи тағйироти нави қонунгузорӣ, ҳамакнун даъватномаҳои электронӣ монанди даъватномаҳое, ки тавассути почтаи фармоишӣ фиристода мешаванд, эътибор доранд. Ҳамин тариқ, даъватномаро тавассути Хадамоти давлатӣ (Госуслуг) дастрас кардан мумкин аст.
Қаблан танҳо ду роҳи супоридани даъватнома вуҷуд дошт:
– мустақиман, яъне ба дасти даъватшаванда ё ҷойи кору таҳсил;
– тавассути почта бо тасдиқи дастрас шудани даъватнома.
Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ робита дорад?
Агар шумо мақоми душаҳрвандӣ дошта бошед ва ҷои истиқомати доимии шумо Русия бошад, пас метавонанд шуморо ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд.
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад, баъди дастрас кардани даъватнома, аз ҷумла тавассути Хадамоти давлатӣ, ҳамон лаҳза мамнӯъулхуруҷ мешавад. Аз ҷумла, ба Тоҷикистон низ наметавонад баргардад.
Агар ман дар Хадамоти давлатӣ аккаунт надошта бошам ё онро пок кунам, чӣ?
Даъватнома фавран, пас аз фиристодани он ба нишонии шумо дар Хадамоти давлатӣ, супурдашуда ҳисоб мешавад. Агар аккаунт надошта бошед, дар он сурат, ҳафт рӯз пас аз ҷойгир кардани он дар феҳристи рақамии шахсони ӯҳдадории ҳарбидошта, боз ҳам супоридашуда ба ҳисоб меравад.
Аммо феҳристи рақамии шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудаанд, то ҳол вуҷуд надорад. Вазорати рушди рақамӣ гуфта, ки феҳрист то тирамоҳи соли 2023 таъсис дода хоҳад шуд.
Ин чӣ гуна феҳрист аст?
Дар Русия феҳристи ягонаи ҳамаи онҳое, ки уҳдадории ҳарбӣ доранд, тартиб дода мешавад. Маълумот дар бораи шаҳрвандон аз Хадамоти федералии андоз, Вазорати корҳои дохилӣ, Комиссияи марказии интихобот, Вазорати маориф, судҳо, муассисаҳои тиббӣ ва фондҳои иҷтимоӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Дар феҳрист сафҳаи рақамии шахсе, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешавад, якҷо бо маълумот дар бораи вазъи саломатӣ, ҷои кор, вазъи оилавӣ ва ҳуқуқи ба таъхир андохтани сафарбаркунӣ таъсис дода мешавад.
Агар ман дар хориҷа бошам чӣ мешавад?
Агар шумо дар хориҷа тибқи шартнома кор кунед ё масалан, табобат гиред ва даъватнома гирифта бошед, аз шумо талаб карда намешавад, ки худро дар коммиссариати ҳарбӣ сабти ном кунед. Аммо ин аз давомнокии будубош дар кишвари дигар вобаста аст.
Агар шумо дар хориҷа ба таври доимӣ иқомат дошта бошед (на камтар аз шаш моҳ), шумо метавонед аз қайди ҳарбӣ хориҷ шавед Аммо, агар шумо мақоми душаҳрвандӣ дошта бошед ва Русияро муваққатан тарк карда бошед, наметавонед аз қайд хориҷ шавед. Дар ин ҳолат, шумо воқеан метавонед даъватнома гиред ва барои шумо маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Агар ба комиссариати ҳарбӣ наравам, чӣ мешавад?
Диққат! Дарҳол пас аз супурдани варақаи даъват, барои шумо хориҷ шудан аз кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон манъ карда мешавад.
Агар аз лаҳзаи гирифтани даъватнома 20 рӯз сипарӣ шуда бошад ва шумо то ҳол ба комиссариати ҳарбӣ наомада бошед, баъзе ҳуқуқҳои шумо маҳдуд мешавад:
– худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ва/ё шахсе, ки ба фаъолияти хеш машғул аст, ба қайд гирифта наметавонед.
Дар қонун зикр намешавад, иҷозатномаи онҳое, ки аллакай ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, бекор карда мешавад ё не. Танҳо гуфта мешавад, ки бақайдгирии соҳибкорони нав манъ аст;
– Манъи фурӯш ва хариди амволи ғайриманқул. Аммо ба иҷора додан иҷозат аст;
– Мошин рондан;
– Қарз гирифтан.
Боз чӣ таҳдид аст? Маро суд намекунанд?
Агар шумо ба рӯйхати сафарбарӣ шомил шудаву аз рафтан ба комиссариати ҳарбӣ саркашӣ кунед, ба ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима аз 500 то 3000 рубл кашида мешавед.
Барои шахсоне, ки аз сафарбарӣ саркашӣ мекунанд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир ҷавобгарии ҷиноӣ танҳо барои саркашӣ аз хидмати ҳатмӣ пешбинӣ шудааст ва барои он то ду соли зиндон пешбинӣ мешавад.
Оё метавон қарори даъватро ба баҳс кашид?
Шумо метавонед дар давоми панҷ рӯз дар Хадамоти давлатӣ ё ҳафт рӯз тавассути Маркази бисёрсоҳавӣ шикоят кунед.