Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт (ҳамзамон дар Ироқ) барои баргардонидани занони тоҷик аз зиндони Расафаи Бағдод талош дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Зубайдулло Зубайдзода, сафири кишвар дар Кувайту Ироқ хабар дод.
Вай зикр кард, ки ин кор бо супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад.
“Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқу Сурия аз мавзӯъҳое аст, ки дар маркази таваҷҷӯҳи раисиҷумҳури кишвар қарор дорад. Бозгашти занони тоҷик аз ҷумлаи онҳост”, – гуфт Зубайдулло Зубайдзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар маҳбаси Расафа 36 зани тоҷик нигоҳдорӣ мешаванд, ки барои як умр зиндонӣ шудаанд.
“Дар миёни онҳо кӯдакон нестанд. Онҳо бо иттиҳоми терроризм маҳкум шудаанд. Миёни онҳо афроде низ ҳастанд, ки ба убури ғайриқонунии марз бо далоили мухталиф муттаҳам шудаанд”, – зикр намуд Зубайдзода.
Сафир қайд кард, ки дар моҳи апрел ду маротиба аз маҳбаси Расафа дидан карда, бо шароити нигоҳдории занони тоҷик шинос шудааст.
Зубайдулло Зубайдзода ҳамчунин, таъкид кард, ки “бозгашти ин занон ба Тоҷикистон раванд хеле печида аст, вақти зиёдро талаб мекунад”.
Ӯ санаи мушаххаси бозгардонии занонро нагуфт ва иброз дошт, ки “дар ин маврид кор фаъолона идома дорад”.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи “Азия-Плюс” дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар хабари дар расонаҳо паҳншуда оид ба бозгардонии се зан аз зиндони Бағдод ба Душанберо тасдиқ кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли ҷорӣ занону кӯдакони аз Сурия ба Тоҷикистон овардашуда, пас аз муоинаи пизишкӣ ва кумаки равонии мутахассисон ба хонаводаҳояшон баргаштанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои 2019 ва 2022 ду гурӯҳ шаҳрвандони кишварро аз Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонданд. Ба гурӯҳи аввал 89 кӯдаки аз 1 то 18 сола ва ба гурӯҳи дуюм 146 зану кӯдак шомил буданд.