Чанде пештар рӯзноманигор Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар расонаҳо оид ба эътиқоди динии худ суҳбат кард ва эътироф намуд, ки пайрави дини Зардуштӣ аст. Ӯ гуфт, ки ҳадаф дорад Анҷумани зардуштиёни Тоҷикистонро таъсис диҳад.
Баъдтар, Абдуқодири Абдуқаҳҳор боз ҳам тариқи расонаҳо иддао кард, ки баъди эълони тасмими худ, мавриди таҳқиру тавҳини корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, фишору таҳдидҳоро эҳсос кардааст.
Эътирофи оммавии Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар хусуси гароиш ба дини Зардуштӣ дар ҷомеаи Тоқикистон, ки аксари кулли он мусалмонанд, вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафарони зиёд ӯро мазаммат мекарданд, ки “дини худро тағйир додааст”.
Ин вокунишҳо баҳси таҳаммулпазирӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро бори дигар ба миён гузошт ва “Asia-Plus” тасмим гирифт, бо ҷалби намояндагони адёни гуногун, масъулини ҷамъиятҳои динии кишвар, коршиносону таҳлилгарон ин мавзӯро ба баррасӣ кашад.
Дар ТОК-ШОУ-и навбатии “Рости гап” мавзӯи таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.