Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Тафсилоти нави сохтмони метро дар Душанбе. Аз Корвон то Сирк метрои рӯизаминӣ месозанд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тафсилоти нави сохтмони метро дар Душанбе. Аз Корвон то Сирк метрои рӯизаминӣ месозанд

29
29

Аз Дарвозаи ҷанубӣ (самти минтақаи Бохтар) то бинои Сирки давлатӣ бунёди метрои рӯизаминӣ ба масофаи беш аз 10 км ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Раҳим Бобозода, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон дар суҳбат бо рӯзномаи Садои мардум, нашрияи парлумони Тоҷикистон, хабар додааст.

Номбурда гуфтааст, ҳадафи бунёди метро баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, паст кардани шиддати ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ва аз ин ҳисоб, коҳиш додани сатҳи партовҳои газӣ ба муҳити зист аст.

Номбурда зикр кардааст, ки дар хусуси сохтмони метро дархости молиявӣ ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Корея ирсол гардида, 14 — уми марти соли 2022 “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ барои асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва истифодаи технологияҳои муосири Ҷумҳурии Корея дар самти нақлиёти метро” ба имзо расидааст.

“Шарту талабот, арзиши лоиҳаи мазкур ва шароити масири эҳтимолии сохтмони роҳи оҳани шаҳри Душанберо, ки тибқи нақшаи генералӣ аз дарвозаи Ҷанубӣ то Сирки давлатӣ ба масофаи 10,5 километр тӯл мекашад, ба назар гирифта, истифодаи нақлиёти роҳи оҳани шаҳрии LRT (системаи метрои сабук) мувофиқи мақсад шуморида шуд”, – зикр кардааст Раҳим Бобозода.

Муовини аввали вазири нақлиёт дар бораи муҳлати оғозу анҷоми сохтмон ва харҷи он маълумот надодааст.

Моҳи феврали соли 2019 як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабари сохтмони метроро дар пойтахт тасдиқ намуда, гуфта буд, ки мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хатти рӯйизаминии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

“Айни замон ҳукуматдорони пойтахт масъалаи сохтмони қитъаҳои зеризаминии метрополитени ояндаи шаҳрро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ҳамчунин бунёди хатҳои (шохаҳои) эҳтимолии метрои оянда низ омӯхта мешавад. Чанде аз сокинони шаҳр аллакай сохтмони хати метроро аз фурудгоҳ то бозори Корвон ва қисмати дигарашро – аз мавзеи Сирки давлатӣ то маҳаллаи Зарафшон пешниҳод кардаанд”, – гуфта буд манбаъи мо.

Қаблан, дар мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо як ҳайати намояндагони баландпояи Корея сохтмони метро дар Душанбе баррасӣ шуда буд.

Он замон гуфта мешуд, ки барои сохтмони метро бо  ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳуми ба имзо расидааст.

Соли 2022 Ҷамшед Табарзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки айни замон ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад ва дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ин бора ҳаст. 

“Агар барои мисол сохтмони роҳро ба назар гирем, чӣ қадар биноҳо, иншоотҳоро бартараф кардан лозим аст, ки як роҳи иловагӣ барои  “нагрузка”-ро аз як қисмати шаҳр гирифтан, сохта шавад”,- гуфта буд ӯ.

Қобили зикр аст, ки агар метрои Душанбе бунёд шавад, ин шаҳр севумин шаҳри Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки соҳиби метро мешавад. Ҳоло дар пойтахти Ӯзбекистон – Тошканд ва шаҳри Алмаато (Қазоқистон) метро метро мавҷуд аст. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст, вале дар бораи оғози бунёди он чизе гуфта нашудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...