Душанбе. 15 апрел. «Азия-Плюс» – | Бо афзудани ҳаҷми интиқоли маблағ, гароншавии арзиши алюмин ва пахта барқарорсозии иқтисоди Тоҷикистон суръат мегирад, омадааст дар гузориши солонаи Бонки рушди Осиё (БРО).
Дар гузориш пешгӯи шудааст, ки болоравии иқтисоди Тоҷикистон имсол 6,8% ва соли 2012 7%- ро ташкил хоҳад дод. Тибқи пешгуии бонк, то охири соли 2011 ҳаҷми интиқоли маблағ 7% зиёд шуда, соли 2012 ба сатҳи пеш аз бӯҳронӣ хоҳад расид.
Дар гузориш инчунин омадааст, ки сатҳи таварум дар Тоҷикистон то охири соли равон ба 10,5% ва соли 2012 ба 9,5% мерасад.
«Ин метавонад суръати хароҷоти истеъмолӣ ва воридотро нигоҳ дошта ба ин минвол даромади буҷаро дастгирӣ кунад», – иброз дошт намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши.
Ба гуфти иқтисодчии намояндагиии доимии БРО дар ҷумҳурӣ Қаҳор Аминов, ба кушвар зарур аст инфрасохтор ва бахши хизматрасониро тезонад, фазои тиҷорат ва сармоягузориро беҳтар созад ва инчунин истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро ғанӣ гардонад.