Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ворид намудани мораторий ба ҳама гуна санҷишҳои соҳибкорони хусусӣ, барои се сол пешниҳод намуд.
Соҳибкороне, ки фаъолияташон ба истеҳсолот равона шудааст бояд дастгирӣ карда шаванд, изҳор дошт раиси ҷумҳур. «Бояд бахши соҳибкориро, ки асоси иқтисод аст дар кишвар рушд дод. Давоми даҳ соли ахир аз сӯи соҳибкорон 800 ҳазор чойи корӣ таъсис дода шуд»,- афзуд президент.
Раҳбари давлат изҳор дошт, ки яке аз вазифаи аввалияи ҳукумати кишвар рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бар ҳам додани монеаҳои ҳуқуқӣ ва мубориза бо фасод хоҳад буд.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси сабук кардани системаи андозбандӣ дар кишвар сухан кард. Дар ин ҳошия қайд карда шуд, ки шурӯъ аз соли 2005, вақте Кодекси нави андоз қабул гардид то ба имрӯз ба он беш аз 13 тағироту иловаҳо ворид карда шуданд. «Ҳатто мутахассисон баъзе аз бандҳои Кодекси андози Тоҷикистонро намефаҳманд ва албатта соҳибкорон низ онро нодуруст шарҳ медиҳанд», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ин рӯ раиси ҷумҳур ба парлумони кишвар супориш дод, то тарҳи Кодекси нави андоз то нисолаи аввали соли 2012 омода шавад.