Унсури муайянкунанда аз Ватанам – Точикистон то махалли феълан истикоматиам – Финляндия ин об аст.
Чанд сол боз бо хамсар, писар ва духтарчаам дар Финландия зиндаги мекунам, аммо солхои кудакиямро дар лаби дарёи Каратог гузарондаам, ки дар ончо эхтиром ба тавонои ва ахамияти об барои бехтар кардани некуахволи одамонро ёд гирифтам.
Об на факат бахшандаи хайёт ба мавчудоти гирду атроф аст, он ба мо инчунин имконияти бехтар намудани зиндагиро медихад.
Манзараи миллии Финляндия ин чангалхо ва кулхо мебошанд. Дар ин кишвар 187 888 кул мавчуд буда, 68 % замини онро чангалхо ташкил медиханд. Сохилхои Финляндияро оби бахри Балтика мешуяд ва аз ин сабаб он дорои захирахои назарраси об мебошад. Касе, ки ба Точикистон рафта бошад, хуб медонад, ки манзарахои миллии мо аз куххо ва дарёхо иборат аст. Куххои сарбаланд, пиряххо ва барфхои он кисми зиёди дарёхои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд: даррахои зебоманзар, водихои дорои иклими субтропикии гарм, ки дар ончо сахрохои пахта, богхои ток ва мева саф кашидаанд ин хама зебоги Точикистон аст. Чуноне, ки дар урфият мегуянд: хосилнокиро на замин балки об баланд мекунад. Дар вактхои пеш дехконон мегуфтанд: «Чи кадар замин доштани маро мапурс, бехтараш чи кадар об доштанамро бипурс». Точикистон 55,4 % потенсиали оби Осиёи Марказиро дорост. Имруз зиёда аз 950 дарёхо, пиряххои сершумор, обанборхо, сарбандхо, кулхо ва шабакахои барки оби некуахволии сокинони Точикистонро таъмин менамоянд. Аз ин лихоз, Президентамон Эмомали Рахмон ва Хукумати чумхури барои саъйю кушишашон бахри истифодаи кувваи об барои рушди иктисодиёти кишвар ва баланд бардоштани рифохи мардуми Точикистон кобили дастгирианд. Инчунин мустакилияти энергетики, яъне бо рохи тозаи экологи, ба мисоли сохтмони НОБ-хои Сангтуда-1, Сангтуда-2, Рогун ва Шуроб низ мухим аст.
Чи тавре, ки Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Хамрохон Зарифи гуфта буд: «Танхо дар болои дарёи Панч, ки шохоби асосии ташкилкунандаи Амударё мебошад, аз нуктаи назари иктисоди сохтмони 14 шабакахои барки оби бо иктидори аз 300 то 4000 мегаватт бо иктидори 86,3 миллиард киловатт соат кувваи барк дар як сол мантикан дуруст аст».
Агар ба истилохи дигар гуем, Точикистон метавонист неруи обиро ба кишвархои хамсоя содир намуда, хамзамон ба бучаи кишвар даромади назарраси молияви ба хотири пешрафти иктисоди ва ичтимоии чумхуриро таъмин намояд. Точикистон дорои захирахои бузурги оби буда, хамзамон дар идоракуни, истехсолоти захирахои оби, интикол ва содироти кувваи барк дар Осиёи Маркази пешсаф аст. Бахусус дар Афгонистон ва Покистон феълан камчинии назарраси кувваи барк дида мешавад ва ин эхтиёчот рузафзун мегардад. Воридоти барк барои ин давлатхо дар стратегияи таъминоти ичтимоию иктисоди ва мустахкамсозии некуахволии мардумашон мухимтар мегардад. Аз ин ру, амалигардонии лоихахои гидроэнергетикии Точикистон на танхо барои баланд бардоштани некуахволии мардуми дохили кишвар, балки барои давлатхои Осиёи Маркази, Покистон ва алалхусус барои эхёи иктисоди ва ичтимоии Афгонистон мусоидат мекунад. Амалигардонии лоихаи CASA-1000 ва барномаи CASAREM (бозори байналмилалии савдои кувваи барк дар Осиёи Маркази ва Чануби), бо истифодаи имконоти гидроэнергетикии Точикистон ва Киргизистон бешубха алокахои иктисоди ва сиёсати босуботро дар яке аз минтакахои калидии геополитикии чахон мустахкам ва амиктар менамояд.
На факат барои тавлиди барк зарур будани обро дар Финляндия мушохида намудам. Дар инчо якчанд корхонахо ба савдои оби нушокии фини машгуланд, ки обро ба тамоми гушаи дунё содир мекунанд. Манзараи зебо низ дар рушди сайёхи метавонад манбаъи боарзиш гардад. Ахолии Финляндия 5,3 миллион мебошад. Танхо дар соли 2010 ба инчо 5,7 миллион саёх омада буд. Даромад аз сохаи туризм 1,6 миллиард евроро ташкил намуд. Яке аз мухимтарин потенсиали иктисодии Финляндия ва хам Точикистон ин табиат ва аз он чумла системаи обии онхо мебошад. Тараккиёти сохаи туризм барои Точикистон вазифаи мухим аст ва барои ичрои ин вазифа имкониятхои яккатор пиряххо, дарёхо ва кулхои дар куххои бихиштосои кишварамонро самаранок ва ба таври максимали истифода кард. Барои омузиши хаматарафа ва истифодаи тачрибаи Финляндия дар ин сохахо барои Точикистон бисёр фоидаовар аст.
Точикистон дорои имконоти бузурги оби, сарватхои зеризамини ва сайёхи буда, дар натичаи истифодаи ин сохахо ба пешрафти баланди иктисоди ва ичтимоии давлат ва бехтар шудани шароити зиндагии мардум ноил мегардад. Мардуми мо доно, боистеъдод, мехнатдуст ва амдист, ки бахри ояндаи дурахшон мардонавор ва босаброна сахти ва мушкилихои муваккатиро кодир аст, паси сар намояд. Точикистон барои хамкории созандаги дар хама сохахои номбаргардида омода аст. Дар иртибот ба ин, хамаи сохибкорон ва сармоягузорони дохили ва хоричи аз он чумла сохибкорони Аврупоиро даъват менамоям, ки фаъолона ба иктисодиёти кишвари чавони демократи бо вазъияти сиёсии субот ва шароити хуби сармоягузори маблаггузори намоянд.
Ман ва якчанд дустони Точикистон аз миёни намояндагони бонуфузи сохибкори, фархангу маданият, доираи илми ва бо дастгирии Сафорати Чумхурии Точикистон дар Иттиходи Аврупо дар шахри Брюссел Чамъияти дустии «Финляндия-Точикистон»-ро таъсис додем, ки максади он мусоидат ба рушди робитахои дучонибаи иктисоди, сармоягузори, фарханги-мадани, илмию таълими, башардусти ва сайёхи на факат бо Финляндия, балки бо дигар кишвархои Скандинавия (Шветсия, Норвегия ва Дания) мебошад.
Аз ин фурсати мусоид истифода бурда, Ватани азизам – Точикистонро бо 20-умин солгарди истиклолият табрику муборакбод намуда, бо суханони барои хар як точик ганчина, гуфтаниям – «Сулх ва шукуфои насибат бод – Точикистони азизам».
Музаффар Худойкулов, Раиси Чамъияти дустии «Финляндия – Точикистон», Сохибкор, сохиби ширкати «Ф& T Консалтинг», ш. Хелсинки, Финляндия