spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати рушди иқтисод ва савдо: Тоҷикистон бе бензин намемонад

Душанбе. 29 апрел. «Азия-Плюс» – | Бо манъи содироти сӯзишвории Русия, Тоҷикистон ҳамоно аз ин маводи сӯхт танқисӣ намекашад, иддао дорад сардори шӯъбаи таҳлили авзои бозор ва таҳкими фаъолияти тиҷорати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Бахтиёр Назирмадов.

«Тӯли як моҳе, ки Русия тасмим дорад содироти маводи сӯхтро аз давлат манъ кунад,захираи сӯзишвории кишварамон барои мо басанда аст», – изщор дошт ӯ зимни сӯҳбат бо «АП».

То ҳанӯз ягон ҳуҷҷати расмӣ дар ин хусус аз ҷониби давлати рус ба вазорат наомадааст. «Аз ду сар масъала баъди таҷлили чашни 1 май рушан мешавад», – афзуд Назирмадов.

Ба андешаи номбурда, гуфтушунидро бо намояндагони расмии Русия ба роҳ мондан лозим аст. «Фурсати он расида, ки масъаларо дар сатҳи болоӣ дида бароянд», – қайд кард мутахассис.

Гуфта мешавад, ки феълан ҳукумати Тоҷикистон масъаларо дар сатҳи мақомот ва вазоратҳои Федератсияи Русия баррасӣ мекунад.

Тавре Бахтиёр Назирмадов изҳор дошт: «Мо метавонем сӯзишвории Русияро бо туркманӣ иваз кунем, аммо ин амал ба нархи он таъсир хоҳад расонд. Дар ҳоли кунунӣ сӯзишвории Русия бар ивази 885 долар барои як тонна харидорӣ мешавад, нархи сӯзишвории туркманӣ 915 доллар барои як тона аст. Ба ҳар сурат бе бензин мо намемонем, танҳо нархаш каме бардошта мешавад».

Бар тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 141,3 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид намудааст, аз ҷумла 82,8 ҳазор тонна бензин ва 35,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ. Аз ин шумор 112 ҳазор тонна (79,3%) аз Русия, 22,5 ҳазор тонна аз Туркманистон ва 4,9 ҳазор тонна аз Қазоқистон ворид карда шудааст.

Ахиран муовини вазири энергетикаи Русия Сергей Кудряшов изҳор дошт, ки ширкатҳои нафтрасони Русия моҳи май барои муввақатӣ содироти сӯзишвориро манъ хоҳанд кард. Ба иттилои ВАО – и Русия ин иқдом ба хотири пур кардани бозори дохилии ин кишвар ба роҳ монда мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...