Таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт бештар ба тарҳҳои энергетикӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад ва барои касб намудану ба даст овардани истиқлолияти барқӣ аз ҳама гуна имконот ва манбаъҳо истифода мегардад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба андешаи намояндагони касбу кори мухталиф дар Тоҷикистон, тавассути дигар соҳаҳо низ метавон барои пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат кард.
Аз ҷумла Ҳикматулло, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, агар мо хоҳем, ки иқтисодиёти Тоҷикистонро боло барем бояд ба соҳаи туризм аҳамият бидиҳем. Зеро ин кишвар дорои табиатест, ки таваҷҷӯҳи ҳазорҳо сайёҳонро ба худ мекашад. Зарур аст, ки барои ин сайёҳҳон дар ҷойҳҳои зебоманзар мавзеъҳои махсус бунёд шавад. Бо ин роҳ онҳо ҳам бо урфу одати тоҷикон ошно мешаванд ва ҳам ба иқтисодиёти Тоҷикистон фоида меоранд, меафзояд ҷаноби Ҳикматулло.
Баҳор Қамаров, иқтисодшиноси тоҷик, ба ин назар аст, ки рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар барои пешрафти иқтисодиёт метавонад нақши муассир дошта бошад. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар Тоҷикистон қувваи кории арзон мавҷуд аст, ки аз онҳо метавонанд сармоягузорони хориҷиву дохилӣ истифода баранд.
Ғаюр Қаҳҳоров, яке аз дигар иқтисодшиносҳои тоҷик мегӯяд, кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳим ва манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба шумор рафта, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар, густариши бозори рақобатнок ва ба хориҷи мамлакат содир намудани маҳсулоти хушсифат замина мегузорад. Ба андешаи вай, таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.
Дар ҳамин ҳол, аксари дигари муcоҳибонамон мегӯянд, Тоҷикистон бояд бештар ба нерӯи зеҳнии шаҳрвандон таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. Зеро тавассути тавоноии зеҳнӣ мешавад ба ҳама гуна пешрафтҳо ноил шуд.