spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Коҳиши шадиди қимати нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ

Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати нахи пахта босуръат коҳиш ёфта, аз 5 ҳазору 200 доллари ИМА-и моҳи марти соли ҷорӣ то ба 3 ҳазору 900 доллари ИМА поин рафт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бинобар талаботи беҳад зиёд дар муддати хеле кӯтоҳ ин ашё ба миқдори кофӣ захира гардида, ба коҳиши арзиши он боис шудааства бино ба гузоришҳои таҳлилгарони ин бахш, қимати мазкур  то ҳосили нав боқӣ мемонад. «Аксари кишварҳо заминҳои кишти пунбадонаро хеле афзуда, коршиносон зиёд шудани ҳосили пахта дар соли равонро пешгӯӣ мекунанд ва аз ин рӯ, бозори ҷаҳонӣ ором гардида, мависми навро интизорӣ дорад», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Дар ҳамин ҳол, дар вазорати мазкур мавҷуд будани ҳолатҳои истифодаи вазъ ба манфиати худ ва ҷой доштани ҳодисаҳои ҳаннотиву қаллобӣ дар биржаҳои ҷаҳониро аз эҳтимол дур намедонанд, зеро баъзан наметавон сабаби аслии боло ё поинравии арзиши нахи пахтаро дақиқан шарҳ дод.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки соли равон майдони кишти пунбадонаро аз 160,4 ҳазор гектар то 210 ҳазор гектар афзуд, вале муяссар гардид, ки танҳо дар майдони 203,1 гектар кишти пунбадона гузаронида шавад.

Бно ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон пахтакорони тоҷик ният доранд, ки на камтар аз 400 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 90 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Маълумоти оморӣ бозгӯи онанд, ки дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон нахи пахта 15%-ро ташкил медиҳад ва «тиллои сафед»-и Тоҷикистон асосан ба Туркия, Русия ва Эрон содирот мешавад.

Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 68 млн. 859 ҳазор доллари ИМА 17 ҳазору 865 тонна нахи пахта фурӯхта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 ҳазор тонна камтар аст, вале дар ҳамин ҳол, ҳаҷми маблағи бадастомада аз он ба миқдори 41 млн. доллари ИМА афзудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...