Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Ориёнбонк» фоизи қарздиҳӣ ба мизоҷонро поин бурд.
Тавре аз бонки мазкур иттилоъ доданд, қарздиҳӣ ба мизоҷон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк буда, акнун меъёри фоизӣ аз рӯи қарзҳои «Ориёнбонк» барои мизоҷон хеле дастрас ва қулай шудаанд, ки ин яке аз бартариятҳои муҳим барои мизоҷон ҳангоми интихоби бонк мебошад. «Ориёнбонк бо мақсади муcоидат намудан ба рушди иқтисоди кишвар ва дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ, фоизи қарздиҳиро ба мизоҷон бо пули миллӣ аз 34% то 30%-и солона паст намуд», – гуфтанд дар бонк.
Ба иттилои манбаъ, акнун мувофиқи Пайнавишти Ҷаласаи Раёсати ҶСК «Ориёнбонк», аз 1 июни соли ҷорӣ меъёрҳои фоизии қарздиҳӣ дар «Ориёнбонк» чунин мебошанд : бо асъори миллӣ – 30% солона ва бо асъори хориҷӣ – 26% солона.
Зикр гардид, ки ҳаҷми сандуқи қарзии «Ориёнбонк» ба аввали моҳи апрели соли равон 612, 0 млн. сомониро ташкил дода, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бонк дар ҳаҷми 504,6 млн. сомонӣ қарзҳо ҷудо кардааст, ки 443, млн. сомонии он баргардонида шудаанд. Қарзҳо асосан ба бахшҳои саноат, кишоварзӣ ва алоқа ихтисос дода шудаанд. Даромади софи бонк ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 3,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2,3 млн. сомонӣ зиёдтар аст.