Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — | Нахуствазири Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта қарореро ба имзо расонид, ки мутобиқи он меъёри афзудаи боҷи содиротӣ ба бензин аз Русия, ки ҳамин моҳ ҷорӣ гардид, то моҳи июли соли равон ҳамин гуна боқӣ хоҳад монд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», ҳамин тариқ, қимати боҷи содиротӣ ба бензин аз Русия шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ аз 408,3 $ то 415,8 $ ва маҳсулоти нафтии коркардшуда аз 304 то 309,6 $ барои 1 тонна афзуда мешавад.
Ҳукумати Русия дар заминаи болоравии қимати бензин ва камбуди маводи сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ, тасмим гирифт, ки аз 1-уми май қимати боҷи содиротӣ ба бензинро аз нақшаи қаблан пешбинишуда бештар – ба андозаи 44% дар муқоиса бо арзиши моҳи апрел зиёд кунад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҳукумати Русия чандин маротиба изҳор дошта буданд, ки ин чораҳо муваққатӣ буда, бо ҳалли мушкилоти камбуди маводи сӯзишворӣ, он бекор карда хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки бар асари чунин тасмимгирҳои Русия, қимати бензин дар Тоҷикистон босуръат боло рафт, зеро Русия таъминкунандаи асосии ҷумҳурӣ бо маводи сӯзишворӣ аст.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 112 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки 79,3% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.