spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафири Тоҷикистон дар Покистон: Мардумро бо террористони покистонӣ натарсонед

Душанбе. 2-юм июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов, ки як ҳайати аъзами соҳибкорону тоҷирони покистониро дар Душанбе ҳамроҳӣ мекунад, дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муносибатҳои ҳамкорӣ бо Покистонро бояд дар ҳама самтҳо ҳамаҷониба густариш диҳанд.

«Ба ҳар гуна овозаҳо бобати гӯё дар Покистон дар ҳама ҷо метавон ба террористон дучор шуд, набояд бовар кард. Ин дурӯғ аст ва бо ин мардумро набояд тарсонид. Албатта, дар баъзе минтақаҳои Покистон мушкилоти муайяне дар ин масъала мавҷуд аст, вале дар маҷмӯъ, Покистон кишвари орому дар ҳоли рушди босубот қарордошта ва дорои аслиҳаи ҳастаиву 180 млн. нафар аҳолӣ аст, ки метавон бо он ҳамкории пурсамарро ба роҳ монд», – гуфт сафири Тоҷикистон.

Ба андешаи З.Зубайдов, Покистон аз имконоти бузурги иқтисодӣ бархӯрдор буда, Тоҷикистон онро бояд ба манфиати худ истифода кунад. «Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкории густарда бо Покистон бо тамоми заминаҳои ҳуқукӣ таъмин буда, миёни кишварҳо ҳуҷҷатҳои зурурӣ баҳри он ба имзо расидаанд. Муносибатҳои сиёсии мо низ дар сатҳи хуб қарор дошта, танҳо мебояд ба таҳкими робитаҳои  иқтисодиву тиҷоратӣ кӯшиш ба харҷ дод», – иброз дошт ӯ.

Тайи чанд рӯз аст, ки як ҳайати иборат аз 110 нафари соҳибкорону тоҷирони покистонӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ки бо даъвати президенти Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо ташриф овардаанд. Сафари ҳайати мазкур то 3-юми июн идома хоҳад ёфт.

Ба ҳайат намояндагони ширкатҳои тиҷоративу саноатии Покистон дар бахшҳои дорусозиву бофандагӣ, мошинсозӣ, молия, саноати хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, мошинсозӣ, азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, сайёҳӣ, сохтмон, мошинсозӣ, коркарди чарм ва ғайра шомил буда, онҳо бо имконоти ҷумҳурӣ шинос ва самтҳои имконпазири роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...