Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши умумиҷаҳонии иктисодии исломӣ (7-9-уми июн) озими шаҳри Остона шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳамоиш таҳти унвони «Ҷаҳонишавӣ: Робитаи мутақобила, рақобат, ҳамкорӣ барои сафарбарсозии кишварҳои мусулмонӣ ва ғайримусулмонӣ ба мустақилияти бузурги иқтисодӣ тавассути воситаҳои бози муносибатҳои мутақобила ва ҳамкории бисёрҷонибаи стратегӣ» доир мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи чорабиниҳои ҳамоиш якчанд иҷлосияҳо созмон дода мешавад, ки дар онҳо баррасии масоили роҳандозии фаъолияти бонкҳои исломӣ, рушди зербинои молиявӣ, индустрияи ҳалол, тавсеъаи тиҷорати хурду миёна ва истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергия дар назар аст.
Бино ба маълумоти интишорнамудаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, дар кори ҳамоиш президент Ҷубути Исмоил Умар, ноиби президенти Индонезия Боедино, нахуствазири Малайзия Наҷиб Раззоқ, муовинони нахуствазирони Ироқ Рӯза Нурӣ Шауис ва Қирғизистон Омурбек Бабанов, президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Бадавӣ, президенти Бонки Нидерланд Вим Кок, вазирони молияи Арабистони Саъудӣ ва Ӯрдун, вазирони иқтисоди Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркманистон ва Озарбойҷон ширкат хоҳанд варзид.
Чанде аз коршиносони ва мутахассисони бахши молияи ҷаҳон Ҳамоиши умумиҷаҳонии иктисодии исломиро «Давоси исломӣ» унвон мекунанд.