Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Вазири энергетика ва саноти Тоҷикистон Гул Шералӣ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Асита Кумар Бхатачараҷиро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили рушди муносиобатҳои дуҷониба дар бахши энергетика, саноат ва бахусус саноати сабук мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи коркарди сабзавоту мева, маҳсулоти ширӣ, коркарди пӯсту пашм ва истеҳсоли пойафзол дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд», – гуфтанд дар вазорат.
Ба итттилои манбаъ, дар робита ба масъалаи суръат бахшидан ба корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1» таъкид гардид, ки он таҳти назорати доимии намояндагии дипломатии Ҳиндустон дар Тоҷикистон қарор дорад.