Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷумҳурӣ ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, ҳамоиш аз ҷониби Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Саидраҳмон Назриев ва аз ҷониби Эрон – роҳбари ширкати «Сурӯши байнулмилалӣ» Имрон Муҳаммад Козимӣ доир гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар кори ҳамоиш ба ҷуз соҳибкорони тоҷику эронӣ, ҳамчунин намояндагони вазорати тандурустии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор ширкатҳои тоҷикистониву эронӣ иштирок карданд. «Дар ҷараёни кори ҳамоиш ба масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, бахусус дар соҳаҳои тандурустӣ ва дорусозӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид», – гуфтанд дар вазорат.
Манбаъ афзуд, дар ҳамоиш як қатор асноди ҳамкорӣ, аз ҷумла созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ, Хадамоти давлатии назорати фаъолияти дорусозии Тоҷикистон ва ширкатҳои дорусозии Эрон ба имзо расид.