Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар бинои меҳмонхонаи «Хайят реҷенси»-и пойтахт ҳамоиши серӯзаи тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон бо иштироки соҳибкорони афғон оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ (ПСС) иттилоъ доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «KAZNEX INVEST» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо мақсади тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисод, таъсиси корхонаҳои нави муштарак ва дарёфти шарикони нав дар соҳаҳои гуногун созмон дода шудааст. Ҳайати Қазоқистон аз ҳудуди 40 ширкат иборат аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати Қазоқистон ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатии Қазоқистон ва Палатаи савдову саноати ин кишвар низ ҳузур доранд. «Ҷониби Тоҷикистонро намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ПСС ҶТ, иттиҳодияҳои корӣ, корхонаву ташкилотҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ ва хариду фурӯш намояндагӣ мекунанд», – гуфтанд дар ПСС.
Ғайр аз ин, баҳри иштирок дар кори ҳамоиш ҷониби Қазоқистон намояндагони Палатаи савдо ва саноати Афғонистон ва доираҳои тиҷоратии ин кишварро даъват намудааст. Чорабинӣ рӯзи 30-юми июн ба анҷом мерасад.