Хуҷанд. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд маросими мавриди истифода қарор гирифтани трансформатори дуюми зеристгоҳи низоми энергетикии хати интиқоли барқи (ХИБ) «Ҷануб-Шимол» доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд хабар доданд, бо насби трансформатори мазкур акнун ба низоми энергетики вилояти Суғд ба ҷойи 12,7 млн. беш аз 13 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад.
Корҳои насби трансформатори дуюмро мутахассисони ширкати «TBEA»-и Чин анҷом дода, акнун ба тамоми ҷараёни кори низоми энергетикӣ компютер назорат хоҳад кард.
Дар робита ба мавриди истифода қарор гирифтани тансформатори дуюм, дар вилояти Суғд реҷаи маҳдуди истифодаи барқ пурра бекор гардид. «Лекин нисбати қарздорон чораҳо андешида хоҳанд шуд ва пас аз огоҳӣ агар дар муддати панҷ рӯз маблағи қарз пардохта нашавад, интиқоли барқ ба онҳо қатъ карда мешавад», – гуфтанд дар ширкат.
Ёдрас мекунем, ки ба вилояти Суғд нерӯи барқ тавассути ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» ба зеристгоҳи «Суғд-500» интиқол дода шуда, ба ҷуз ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, ба тамоми вилоят тақсим мегардад. Ба гуфтаи энергетикҳо, иқтидори интиқолии ХИБ-500 «Ҷануб-Шимол» 27 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» моҳи ноябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта, бо ба кор даровардани он Тоҷикистон соҳиби низоми ягонаи энергетикӣ гардид.