spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳафтаи ахир ғаллакорони кишвар беш аз 76 ҳазор тонна ҳосил ғундоштанд

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Тайи ҳафтаи сипаригашта деҳқонони тоҷик беш аз 76 ҳазор тонна ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, то имрӯз ғаллакорон аз 87,3 ҳазор замини кишт ҳосили зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки 29,2 фоиз аз майдони умумии ҷудошуда (299,1 ҳазор гектар)-ро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, аз оғози мавсими ҳосилғундорӣ дар кишвар 172,7 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Аз миқдори умумии ҳосили ғундошта 166,5 ҳазор тоннашро гандум ташкил дод, ки соли равон барои кишти он 223,8 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд», – гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.

Аз Раёсати Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҳосилнокии зироати ғалладона, аз ҷумла гандум низ 25,2 сентнер аз ҳар як гектарро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаҳои соли гузашта бештар аст. «Ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки иқлимаш аз дигар манотиқи кишвар фарқ дораду ҳосил ҳоло пухта нарасидааст, дар майдонҳои кишти саросари ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил идома дорад», – афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ барои кишти зироати ғалладона 300 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, мутобиқан ба даст овардани на камтар аз 1,2 млн. тонна ҳосил дар назар аст.

Соли 2010 барои кишти зироати ғалладона 333 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 242,2 ҳазор гектар барои кишти гандум ҷудо гардида, 1 млн. 261,3 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона, аз ҷумла 911 ҳазору 821 тонна ҳосили гандум ба даст оварда шуд. Ҳосилнокии миёна зироати ғалладона дар соли гузашта 22,8 сентнер аз як гектарро ташкил дода буд.

Бо назардошти маълумоти оморӣ, шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 616 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва мутобиқи он, талабот ба орд 1 млн. 43 ҳазор тонна ва гандум 1 млн. 429 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...