Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тайи ду моҳи ахир Тоҷикистон ба Покистон ҳудуди 6,5 ҳазор тонна ангишт содирот кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон перомуни афзудани ҳаҷми содирот бо мақомоти дахлдори Покистон гуфтушунид идома дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 46 ҳазору 172 тонна ангишт истихроҷ карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 9 ҳазору 250 тонна зиёдтар буда, он тавассути 1906 нуқтаҳои махсус ба корхонаву ташкилот ва бахши хусусӣ фурӯхта мешавад. «Бо назардошти ангишти аз соли гузашта боқимонда, феълан ҳаҷми захираи ангишти истихроҷшуда дар ҷумҳурӣ ҳудуди 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди ҳукумати кишвар, дар зарфи чор моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 4,4 ҳазор тонна ангишт ворид карда шудааст.