Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҷараёни ташаккул ва роҳандозии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Тоҷикистон хеле ба оҳистагӣ пеш меравад, – изҳор дошт дар ҷаласаи сеюми Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба МОИ муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод.
«Аз ин суоле пайдо мешавад: оё ҳама кор тибқи нақшаи пешбинишуда сурат мегирад? Ба андешаи мо, мавқеъи ҷуғрофии макони ҷойгиршавии МОИ мусоиду қулай аст. Заминаи ҳуқуқӣ ва муҳити хуби сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, ба сармоягузорон имитиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Тайи солҳои ахир заминаи қонунгузорӣ дар ин самт такмил ёфт. Бо назардошти қоидаву меъёрҳои байнулмилалӣ ва ҷалби созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID) Қонуни нав «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ қабул карда шуд», – мегӯяд ӯ.
Ба қавли Давлатзод, Тоҷикистон рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳамчун таркиби муҳими рушди иқтисод, савдо ва ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ менамояд. «Ҷорисозии технологияҳои муосир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуда, тавассути он рушди устувори минбаъдаи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъмин мегардад», – зикр намуд муовини вазир.
Умеди Давлатзод зимни суханронӣ ба намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратхонаҳо муроҷиат намуда, аз онҳо дархост кард, ки барои огаҳии бештари аҳолии кишварашон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Ӯтаъкид кард, ки айни замон дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтсиодӣ – «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» амал мекунанд. Феълан дар МОИ-и «Суғд» 14 ва «Панҷ» – 2 субъект бо маблағгузории умумии 48 млн. доллари ИМА ба қайд гирифта шуда, МОИ-и «Данғара» ва «Ишкошим» дар марҳилаи ташакулу рушд қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба МОИ бо дастгирии Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон доир мегардад. Дар ҷаласа намояндагони сохторҳои ҳуқуматӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими кишвар ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок доранд.