spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар арафаи анҷомёбист

Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосӣ ва ёридиҳандаи нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» дар арафаи анҷомёбианд.Пудратчии генералии нерӯгоҳ ширкати эронии «Сангоб» мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сохтмони сарбанди нерӯгоҳ, ки моҳи ноябри соли гузашта оғоз гардида буд, низ ба итмом расида истодааст. «Айни замон корхои насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дошта, 80%-и механизм ва таҷҳизоти барои нерӯгоҳ пешбинишуда ба Тоҷикистон оварда шуд ва феълан дар сохтмон ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надорад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар робита ба масъалаи мӯҳлати ба истифода додани ду агрегати аввали нерӯгоҳ манбаъ гуфт, корҳои тибқи нақша идома дошта, иқтидорҳои аввалини нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар мӯҳлати муқарраршуда, яъне моҳи сентябри соли равон мавриди истифода карор хоҳанд гирифт.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли равон ҳукуматдорони Тоҷикистон аз Эрон даъват ба амал оварданд, ки нвабати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Қаблан мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» моҳи феврали соли 2012 ба нақша гирифта шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.

Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...