Хуҷанд. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли ҷорӣ дар вилояти Суғд арзиши роҳкиро бори дуввум аст, ки рӯ ба афзоиш мениҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори генералии Филиали Иттиҳодияи нақлиёти мусофиркаши ҶТ дар вилояти Суғд Абдуҷалил Бобоҷонов хабар дод, шурӯъ аз 7-уми июли соли равон мутобиқи фармони вазири нақлиёти ҷумҳурӣ қимати роҳкиро дар нақлиёти дохилишаҳрӣ – 10% ва наздишаҳриву байнишаҳрӣ ба ҳисоби миёна – 13-15% афзуд. «Ҳамин тариқ, сарфи назар аз навъи истифодаи сӯзишворӣ, дар шаҳри Хуҷанд қимати роҳкиро дар автобусҳои хурди мусофиркаш (маршруткаҳо) 1 сомониро ташкил дода, арзиши роҳкиро дар чунин навъи нақлиёт дар шаҳри Чкаловск ба 90 дирам ва Исфара – 1 сомонӣ баробар шуд», – гуфт ӯ.
Ба қавли манбаъ, бо иштироки мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони хадамоти зиддиинҳисорӣ тарофаҳои арзиши роҳкиро дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ таҷдиди назар хоҳад шуд. «Ин нархҳо бо иҷозати идораи зиддиинҳисории вилояти Суғд ҷорӣ карда шудаанд», – афзуд номбурда.
Қимати роҳкиро дар автобусҳои мусофиркши байнишаҳрии вилоти Суғд то ҳанӯз чун пештара боқӣ монданд. Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ арзиши роҳкиро дар автобусҳои мусофиркаши Хуҷанд-Табошар аз 3,5 то 4 сомонӣ, Хуҷанд-Адрасмон, Хуҷанд-Зафаробод аз 6 то 7 сомонӣ ва Хуҷанд-Шаҳристон аз 9 то 10 сомонӣ афзуда буд.
Ёдрас мекунем, ки Иттиҳодияи мазкур соли 2010 ба фаъолият оғоз намуда, ба он 42 корхонаҳои машғул ба ҳамлу нақли мусофирон шомил мебошанд. Ба тавозуни иттиҳодия 13 вокзалу истгоҳҳо, 168 автобус, 3468 микроавтобу ва 213 таксиҳо дохил мешаванд.