Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти содиротӣ, ки рӯзҳои 13-15-уми июли соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад, беш аз 50 ширкати вилояти Синтзян-Уйғур ва ширкатҳои машғули кор дар Тоҷикистони Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат меварзанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати кишвар иттилоъ доданд, намоишгоҳи мазкур бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ, дарёфти шарикон ва таъсиси корхонаҳои муштарак созмон дода мешавад. «Баргузории чунин намоишгоҳҳо самараи хуб ба бор оварда, ба рушду таҳкими муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо мусоидат менамоянд», – гуфтанд дар палата.
Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати сабук, техникаи маишиву саноатӣ, масолеҳи сохтмон, мошину таҷҳизот ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. «Намоишгоҳ бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ бо дастгирии ҳукумати кишвар ва мусоидати Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, депратмаенти тиҷорати вилояти Синтзян-Уйғур ва маъмурияти шаҳрҳои Урумчӣ ва Қошғар созмон дода мешавад», – афзуд манбаъ.