Кӯлоб. 15-уми май. «Азия-Плюс» — | Даҳ маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шӯрообод, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, пас аз 10 соли таваққуф бо нерӯи барқи доимӣ таъмин карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, барои ноил гардидан ба ин кор ба тавозуни корхона гирифтани зеристгоҳи барқии мутааллиқ ба хоҷагии деҳқонии имени И.Шарифов лозим омадааст.
Ба қавли вай, айни замон зеристгоҳи барқӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ду трансформатори корношоям иваз ва хатти интиқоли барқи масофаи 18 километр таъмиру азнавсозӣ шудааст.
«Барои назорати доимии хатти интиқоли барқ ба зеристгоҳ коргарони соҳибтаҷрибаро киро кардем», – гуфт М.Исмоилов ва илова намуд, ки сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин изҳор кардаанд, ки ба пешпардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ омодаанд, зеро муддати ин солҳо қариб бе барқ зиндагӣ доштаанд.