Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар асоси баргузории тендер ба Тоҷикистон 5 млн. адад моҳича оварда шуда, ба сурати умум дар доираи амалисозии Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ воридоти боз 20 млн. адад моҳича ва 4 қаиқи муҳаррикдор дар назар аст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Моҳии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори корхона Аҳмадҷон Ғафуров мегӯяд, айни замон дар ҷумҳурӣ 8 хоҷагии бузург ва 121 хоҷагии деҳқониву фермерии моҳипарварӣ амал намуда, дар зарфи 6 моҳи соли равон 166,8 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 70 тонна бештар аст. «Бинобар афзун шудани талаботи аҳолӣ ба моҳӣ, моҳи шарифи Рамазон мо ният дорем, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти моҳигиро боз намоем, то ки сокинони кишвар бо нархи дастрас онро харида тавонанд», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, феълан дар хоҷагиҳои ҶДММ «Парваришгоҳи моҳии хушзот»-и ноҳияи Аюдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва ҶДММ «Суғдмоҳӣ»-и шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мавсими тухммонӣ ба анҷом расида, 35 млн. адад моҳичаҳо истеҳсол шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 5 млн. адад зиёдтар мебошад.
Ғафуров ҳамчунин зикр кард, ки вазъи таъминоти аҳолӣ бо моҳӣ тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. «Агар талаботи аҳолии Точикистон ба маҳсулоти моҳигӣ дар як сол 14 ҳазор тоннаро ташкил диҳад, пас имрӯз имконоти мавҷудаи кишвар дар истеҳсоли моҳӣ ба 80 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешаванд», – афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти моҳигӣ Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009-2015-ро қабул намуд, ки дар он дурнамои рушди соҳа ва роҳҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ муқаррар карда шудаанд.